Русия ва Укроин ин бор дар Туркия сари мизи гуфтушунид менишинанд

Гуфтугӯи навбатии намояндагони Русия ва Укроин қарор аст, имрӯз, 28-уми март оғоз шаванд, ки то 30-юми март идома меёбанд. Ин бор музокироти ин ду кишвар дар Туркия баргузор шавад. Дар ин бора, Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба намояндаи Киев Давид Арахамия хабар додааст. Владимир Мединский, намояндаи Маскав дар ин музокирот низ ин хабарро тасдиқ кард. Аммо вай […]

Asia-Plus

Гуфтугӯи навбатии намояндагони Русия ва Укроин қарор аст, имрӯз, 28-уми март оғоз шаванд, ки то 30-юми март идома меёбанд. Ин бор музокироти ин ду кишвар дар Туркия баргузор шавад. Дар ин бора, Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба намояндаи Киев Давид Арахамия хабар додааст.

Владимир Мединский, намояндаи Маскав дар ин музокирот низ ин хабарро тасдиқ кард. Аммо вай макони баргузории гуфтугӯро ошкор накард.

Ҷонибҳо тасмими баргузории ин гуфтугӯро 27 март гирифтаанд.

Даври аввал ва чанди даври дигари гуфтугӯҳои Русия ва Укроин дар бораи ҳалли низоъ дар ҳудуди Белорус анҷом шуд. Сипас он тариқи видеоӣ идома ёфт. Маскав ва Киев ҷузъиёти гуфтугӯҳоро ошкор намекунанд, танҳо пас аз аз нишастҳои хабарҳои расмие нашр мешаваду халос.

Артиши Русия субҳи 24 феврал бо фармони президент Владимир Путин ба Укроин ҳамла кард, ки ҷониби Русия инро "амалиёти вижаи артиши кишвараш" дар Укроин ном мебарад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.