ВКД: як сокини Душанбе беш аз ним миллион сомонии шаҳрвандонро гирифтаву ба онҳо хона надодааст

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки як марди 42-солаи сокини Душанбе дар чанд маврид аз сокинон бо ваъдаи додани хона дар биноҳои навсохт, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат пул гирифта, ба онҳо хона надодааст. Ҳарчанд ВКД ному насаби ин сокини пойтахтро нашр накардааст, вале гуфтааст, ки таҳқиқи қазия идома дорад.  Ҳарчанд ин ниҳод дар мавриди боздошти […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилӣ хабар медиҳад, ки як марди 42-солаи сокини Душанбе дар чанд маврид аз сокинон бо ваъдаи додани хона дар биноҳои навсохт, аз ҷумла дар шаҳри Ваҳдат пул гирифта, ба онҳо хона надодааст.

Ҳарчанд ВКД ному насаби ин сокини пойтахтро нашр накардааст, вале гуфтааст, ки таҳқиқи қазия идома дорад. 

Ҳарчанд ин ниҳод дар мавриди боздошти ин нафари гумонбар чизе нагуфтааст, аммо дар як хабарномае, ки сайти ВКД нашр кардааст гуфта мешавад, ки як сокини Душанбе ба ШВКД-и шаҳри Ваҳдат муроҷиат кардааст, ки моҳи августи соли 2020, марди 42-солаи сокини пойтахт аз ӯ 15 ҳазор доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар бинои навсохти кӯчаи Сомониёни шаҳри Ваҳдат ба хонаи истиқоматӣ мегирад, ки то кунун ин ваъдаашро иҷро накардааст.

ВКД ин амалро "бо роҳи фиреб ба боварӣ даромадан" номидааст.

Ҳамчунин дар ин хабарнома омадааст, ки ин сокини Душанбе "ҳамин тариқ, 28-уми майи соли 2020, ба боварии сокини ноҳияи Восеъ даромада, 133 ҳазор сомонӣ, 8-уми октябри соли 2018 аз як сокини шаҳри Ваҳдат 127 ҳазор сомонӣ ва моҳи августи соли 2019 аз сокини дигари шаҳри Ваҳдат 122 ҳазор сомонӣ гирифта, маблағи гирифтаашро то ҳол барнагардонидааст".

Ҳамчунин ВКД аз боздошти як сокини 19-солаи ноҳияи Файзобод бо гумони дуздии 75 ҳазор сомонӣ хабар медиҳад.  Ин ниҳод мегӯяд, ки ин ҷавонро 23-юми март пас аз шикояти зани соҳиби ин  пулҳо дастгир кардаанд, ки пулҳояш аз сандуқ, аз хонааш дуздида шудаанд. 

"Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 19-солаи сокини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд",-омадааст дар хабарномаи ВКД.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, TelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.

Рӯзи пойтахт дар куҷо ва чӣ гуна ҷашн гирифта мешавад?

Рӯзи пойтахти Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи шанбеи сеюми моҳи апрел таҷлил мегардад, имсол ба 18-уми апрел рост меояд.

Медалҳои тилло, нуқра ва биринҷии варзишгарони тоҷик дар рӯзи аввали қаҳрамонии ҷудои Осиё

Эмомалӣ Нуралӣ қаҳрамони Осиё шуд. Обид Ҷебов нишони нуқра ва Мадина Қурбонзода медали биринҷӣ ба даст оварданд.

30 евро аз ҳар тонна. Меъёри пардохти экологӣ барои воридоти сӯзишворӣ муайян шуд

Ин тарҳро чанде пеш вакилони парлумон низ тавсиб карда буданд.