Мусобиқаи миллии футболи Тоҷикистон 2 апрел оғоз мешавад

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Лигаи футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои ду даври аввали Coca-Cola – Чемпионати Тоҷикистон-2022 байни дастаҳои лигаи олиро тасдиқ кард.

Дар чемпионати 31-юми Тоҷикистон оид ба футбол 10 даста иштирок мекунанд: «Истиқлол», КМВА (ЦСКА) – ҳар ду даста аз Душанбе, «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳар ду даста – аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Равшан» (Кӯлоб), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) ва «Равшан» (Зафаробод).

Мавсими нави Coca-Cola – Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзи шанбе, 2 апрел оғоз гардида, бо формулаи (шакли) нав баргузор мешавад.

Дар марҳилаи аввал 10 даста дар ду давр бозӣ мекунанд. Дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд. Холҳои дар марҳилаи аввал гирифта нигаҳ дошта мешаванд.

Панҷ дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷаҳои марҳилаи аввал дар гурӯҳи “А” бозӣ карда, барои ҷойҳои аз 1 то 5-уми ҷадвал рақобат мекунанд. Дастаҳои боқимонда дар гурӯҳи “В” барои ҷойҳои аз 6 то 10-ум бозӣ карда, ду дастаи зинаи охири ин гурӯҳ лигаи олиро тарк ва ба лигаи якум мегузаранд.

Дар Чемионати футболи Тоҷикистон-2022 дар лигаи олӣ ҳар кадоме аз дастаҳо 22 бозӣ мегузаронад.  

Ҷадвали ду даври аввал:

Даври 1-ум

Оғози бозиҳо – соати 16:00

2 апрел (шанбе)

«Файзканд» – «Истаравшан»

«Истиқлол» – КМВА (ЦСКА) –  Ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд

«Регар-ТадАЗ» – «Равшан» (Зафаробод)

3 апрел (якшанбе)

«Эсхата» – «Хуҷанд»

«Хатлон» – «Равшан» (Кӯлоб)

Даври 2-юм

Оғози бозиҳо – соати 16:00

8 апрел (ҷумъа)

«Равшан» (Кӯлоб) – «Истиқлол» – Ба рӯзи эҳтиётӣ гузаронида шуд

«Эсхата» – «Файзканд»

9 апрел (шанбе)

 «Истаравшан» – «Хатлон»

10 апрел (якшанбе)

 «Хуҷанд» – «Равшан» (Зафаробод)

КМВА (ЦСКА) – «Регар-ТадАЗ».

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.