“Бухоро” беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе эътироф шуд

Asia-Plus

Дар пойтахти Тоҷикистон аз озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» натиҷагирӣ шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, озмун бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ карда шуд.

“Ҷамъбасти озмун дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи даври шаҳрии озмун баргузор карда шуда, баъди пурра ва санҷидани ҳайати комиссия, ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» тарабхонаи «Бухоро» дониста шуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тарабхонаи “Бухоро” бо ҷоизаи ва диплому туҳфаҳои хотиравии шаҳрдории пойтахт сарфароз гардонида шуд.

Мувофиқи Низомномаи озмун, дар ҷараёни баргузории он тарзи дастархонороӣ, хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз, ҳамзамон хушоянду дилписанд будани  муҳити тарабхона ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони як зумра тарабхонаҳои пойтахт низ барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...