“Бухоро” беҳтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе эътироф шуд

Дар пойтахти Тоҷикистон аз озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» натиҷагирӣ шуд. Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, озмун бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ карда шуд. “Ҷамъбасти озмун дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи даври шаҳрии озмун баргузор карда шуда, баъди пурра ва […]

Дар пойтахти Тоҷикистон аз озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» натиҷагирӣ шуд.

Тавре ки дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, озмун бо мақсади рушду равнақи соҳибкорӣ, дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, беҳтаргардонии сифати хизматрасонӣ ва муаррифии фарҳанги меҳмоннавозӣ роҳандозӣ карда шуд.

“Ҷамъбасти озмун дар асоси хулосаи ҳайати комиссияи даври шаҳрии озмун баргузор карда шуда, баъди пурра ва санҷидани ҳайати комиссия, ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин тарабхона дар шаҳри Душанбе» тарабхонаи «Бухоро» дониста шуд”, – омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, тарабхонаи “Бухоро” бо ҷоизаи ва диплому туҳфаҳои хотиравии шаҳрдории пойтахт сарфароз гардонида шуд.

Мувофиқи Низомномаи озмун, дар ҷараёни баргузории он тарзи дастархонороӣ, хизматрасонии пешхизмат, муносибати пешхизматону масъулини тарабхонаҳо бо мизоҷон, тарзи дурусти оро додани дастархон бо маҳсулоти хӯрока ва истифодаи санъати баланди ороишӣ ва ғояҳои мухталифи сарошпаз, ҳамзамон хушоянду дилписанд будани  муҳити тарабхона ва дигар нишондодҳо ба инобат гирифта шуданд.

Ба иттилои манбаъ, намояндагони як зумра тарабхонаҳои пойтахт низ барои иштироки фаъолона бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе қадрдонӣ шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.