Кӯдакони худро бибаред: ҳафтаи китоби кӯдакон. Кай ва дар куҷо баргузор мешавад?

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Аз 2 то 9 апрели соли 2022 дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ Ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон” баргузор мегардад. Дар ин бора Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар медиҳад.

Вазорати фарҳанг мегӯяд, ин ҷашнвораро бо унвони "Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!" роҳандозӣ мекунад.

Манбаъ мегӯяд, тӯли як ҳафта ба ҷуз аз намоиш-фурӯши китобҳои кӯдакона дар шаҳри Душанбе ва ноҳиҳои тобеи марказ, инчунин, намоишномаҳои театрӣ низ дар назар аст.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 2 апрел, 10:00 дар Китобхонаи давлатии бачагонаи ҷумҳуриявии ба номи Мирсаид Миршакар намоиши китобии “Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст!”, намоиши дастранҷи кӯдакону наврасон, намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр, намоиши “Лаҳзаҳо аз фестивал”, ва намоишномаҳои Театри давлатии ҷумҳуриявии “Лӯхтак” ва Сирки давлатии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Намоиш – фурӯши китоб рӯзи 3 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳринав, Мактаби таълими миёнаи умумии № 32 ноҳияи Сино, соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии № 16 ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ва соати 14.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Турсунзода доир мегардад.

Рӯзи 4 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод, Мактаби таълими миёнаи умумии № 1 ноҳияи И. Сомонии пойтахт ва дар Қасри фарҳанги шаҳри Роғун соати 14.00 баргузор мешавад. Рӯзи 5 апрел, соати 10.00 дар Китобхона-филиали №10 ноҳияи Варзоб ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии №17 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Идомаи фестивал рӯзи 6 апрел, соати 10.00 дар Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат, Мактаби таълими миёнаи умумии № 55 –и ноҳияи Шоҳмансур ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии №33-и ноҳияи Синои пойтахт доир мешавад.

Фестивал рӯзи 7 апрел, соати 10.00 дар Китобхонаи марказии шаҳри Ҳисор ва соати 11.00 дар Мактаб-интернати № 1-и шаҳри Душанбе идома меёбад.

Рӯзи 8 апрел, соати 10.00 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Рӯдакӣ, Мактаби таълими миёнаи умумии № 51-и ноҳияи Фирдавсӣ ва соати 11.00 дар Мактаби таълими миёнаи умумии № 70-и ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе доир мегардад.

Ҷамъбасти Фестивал рӯзи 9 апрели соли 2022, соати 13.00 дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе” бо намоиши барномаи фарҳангӣ, намоиши китобҳо ва бо супоридани тӯҳфаҳо ба иштирокчиёни фаъоли Фестивал баргузор мегардад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...