Ворух,Фархор ва навоҳии водии Рашт ҳам аз иҷрои нақшаи даъват ба артиш хабар доданд

Ноҳиия Фархори вилояи Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати сарбозиро 100 %  иыро кардаанд. Субҳи имрӯз ВМКБ нахустин шуда аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд. Бар асоси фармони вижаи раисҷумҳур дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш, имрӯз, 1-уми апрел оғоз шуд. Хабаргузории давлатии «Ховар» иттилоъ медиҳад, ноҳияҳои Сангвору Лахш […]

Ноҳиия Фархори вилояи Хатлон ва ноҳияҳои минтақаи Рашт нақшаи даъвати баҳории ҷавонон ба хидмати сарбозиро 100 %  иыро кардаанд. Субҳи имрӯз ВМКБ нахустин шуда аз иҷрои нақшаи даъват хабар дода буд. Бар асоси фармони вижаи раисҷумҳур дар Тоҷикистон нақшаи даъват ба артиш, имрӯз, 1-уми апрел оғоз шуд.

Хабаргузории давлатии «Ховар» иттилоъ медиҳад, ноҳияҳои Сангвору Лахш нақшаи даъвати ҳарбиро сад дар сад, Тоҷикобод 105, Нуробод 101 ва Рашт 100,7 дарсад иҷро намудаанд.

Гуфта мешавад, ки аксари даъватшудагон барои хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар дар ноҳияи Фархор ва минтақаи Рашт ихтиёран ҳозир шуда, зикр кардаанд, ки барои дифои Ватани худ ҳамеша омодаанд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ба 90  наваскарони раштӣ, ки курси ронандагии ҷамъияти «Мададгори мудофиа» – ро хатм намудаанд ва барои ба сафи Артиши миллӣ шомил шудан ихтиёран ариза навишта буданд, шаҳодатномаҳои ронандагӣ супорида шуд.

Ҳамчунин масъулони ҷамотаҳои деҳоти Ворӯх, Чоркӯҳ ва Нурафшони шаҳри Исфара низ аз иҷрои нақшаи даъват паём додаанд. Дар ин бора Зубайдулло Шомадов, сухангӯйи шаҳрдории Исфара хабар додааст. 

Имрӯз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар рӯзи нахусти даъвати сарбозон ба сафҳои артиши нақшаи даъватро дар сар то сари вилоят 102,5 % иҷро кард. Ҷавонони бадахшӣ, низ тайи як маросими хос дар шаҳри Хоруғ бо ширкати раиси вилоят Алишер Мирзонабот ба хидмати Ватан гусел карда шуданд.

Бино ба маълумоти ҳукумати ВМКБ ҳоло ноҳияи Дарвоз 114%, Мурғоб 110%, Роштқалъа 100%, Рӯшон 100%, Хоруғ 100%, Шуғнон 100%, Ишкошим 100% ва ноҳияи Ванҷ 100%-и нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ки ба ҳисоби умумӣ дар сатҳи вилоят 102,5%-ро дар бар гирифтааст.  Ин соли аввал нест, ки ҷавонони ВМКБ нақшаи даъват ба артишро дар як рӯз иҷро мекунанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.