Нархи билет €300. «Сомон Эйр» шумори парвозҳоро ба масири Душанбе – Маскав зиёд кард

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумораи парвозҳоро дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе зиёд кард. “Минбаъд парвозҳои мунтазам ба самти Москва (Фурудгоҳи Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти  бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд”, – […]

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” шумораи парвозҳоро дар масири Душанбе – Маскав – Душанбе зиёд кард.

“Минбаъд парвозҳои мунтазам ба самти Москва (Фурудгоҳи Домодедово) ва бозгашт дар як рӯз ду маротиба тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 анҷом дода мешаванд. Маълумоти  бештар ва чиптаҳои парвоз дар сомонаи ширкат, хазинаҳои чиптафурӯшӣ ва маркази маълумотдиҳиву чиптафурӯшии ширкат дастрас мебошанд”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии ширкат.

Хотиррасон мешавад, ки ҳамаи мусофирон, ба истиснои шаҳрвандони Русия, бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 48 соат пеш аз ворид шудан ба қаламрави Русия дода шудааст, пешниҳод намоянд.

Арзиши билет ба хатсайри Душанбе – Маскав то охири моҳи апрел дар сомонаи расмии ширкат 300 евро (4 ҳазору 313 сомонӣ), билети парвоз аз он ҷо ба Маскав 130 евро (1 ҳазору 869 сомонӣ) нарх дорад.

Гуфта мешавад, аз 15 март вуруди мусофирон аз кишварҳои ИДМ ба қаламрави Тоҷикистон бо пешниҳоди гувоҳномаи ваксинатсия пурра ё қисман иҷозат аст.

“Дар ҳолати надоштани гувоҳномаи ваксинатсия мусофирон бояд шаҳодатномаи гузаштани ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки ба муҳлати 72 соат эътибор дорад, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд”, – зикр мегардад дар иттилоия.

Айни замон ширкати “Сомон Эйр” чор ҳавопаймо дар ихтиёр дорад: дуто Boeing 737-800 ва дуто Boeing 737-900.

Ваъда доданд, ки нархҳоро нигоҳ медоранд

Ёдрас мекунем, ки нимаи моҳи январ нархи билетҳои ҳавопаймоӣ аз Тоҷикистон ба Русия, бахусус ба самти Маскав ба таври назаррас боло рафт. Нарх ба зиёда аз 8 ҳазор сомонӣ расид. Лекин акнун вазъ ба эътидол омада, ҳозир билетҳоро метавон бо арзиши 3,5-4 ҳазор сомонӣ харид.

Чанд рӯз пеш Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ хабар дод, ки нархҳои билети хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Русия поин рафта, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда доданд, ки минбаъд нархҳоро боло намебаранд.

“Зимни ҷаласа намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоӣ ваъда додаанд, ки дигар нархи билетҳоро боло набурда, онро дар доираи арзиши сабтшуда мефурӯшанд.

Яъне на зиёдтар аз 250 то 350 доллар. Дар акси ҳол, Агентӣ онҳоро аз ҳаққи минбаъд иҷро кардани парвозҳо маҳрум карда метавонад”, гуфта буданд он замон дар Агентӣ.

Дар ҳоли ҳозир се ширкат – «Сомон Эйр», «Уральские авиалинии» ва «ЮТэйр» байни Тоҷикистон ва Русия парвозҳо анҷом медиҳанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.