Русия масъалаи иваз кардани сабзавоту меваи Ғарбро ба маҳсулоти Тоҷикистон баррасӣ мекунад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Президенти Палатаи савдо ва саноати Русия Сергей Катирин изҳор доштааст, ки сабзавоту меваеро, ки воридоташон аз кишварҳои Ғарб қатъ мешавад, ба ҳамин гуна маҳсулот аз Тоҷикистон иваз кардан мумкин аст.

Тавре ки дафтари матбуоти Палатаи савдо ва саноати Русия хабар медиҳад, ин нуктаро Катирин рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода баён доштааст.

“Мушкилоти аслӣ дар рушди равобити тиҷоратии Русия ва Тоҷикистон душвориҳо дар логистика ва ҳамлу нақли молу маҳсулот боқӣ мемонад. Мо бояд аз шароити нав фаъолона истифода бурда, доираи васеи соҳибкоронро ҷалб кунем”, – иброз доштааст вай.

Катирин пешниҳод намудааст, ки барои намояндагони тиҷорат як пул (тамос)-и видеоӣ ташкил карда шавад, то ки онҳо саривақт мушкилоти ҷойдоштаашонро ҳаллу фасл кунанд.

Сафири Тоҷикистон зикр кардааст, ки байни давлатҳо дар соҳаи кишоварзӣ имконоти зиёд мавҷуд аст.

Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид доштааст, ки айни замон дар Тоҷикистон ба рушди саноат ва таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мешавад.

“Русия ва Тоҷикистон ҳамчун шарикони стратегӣ бояд масоили рушди минбаъдаи муносибатҳои иқтисодиро таҳия кунанд”, – илова намудааст сафир.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия, зимни вохӯрӣ “зарурати идомаи баргузории ҳамоишҳои муштараки тиҷоратӣ ва намоишгоҳҳои соҳавӣ бо мақсади афзоиши мубодилаи молу маҳсулот ва табодули таҷрибаи соҳибкорони ду кишвар таъкид шуда, дар ин росто, ба масъалаи афзоиши содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон ба Русия таваҷҷуҳи махсус зоҳир шудааст”.

Гуфта мешавад, ҳамсуҳбатон омодагиро ҷиҳати мусоидат ба рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва Русия дар самти таҳвили маҳсулотҳои кишоварзӣ изҳор кардаанд.

Мутобиқи маълумоти мақомоти омори Тоҷикистон, соли 2021 Русия аз Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 72,5 млн доллар молу маҳсулот ворид намудааст, ки қисмате аз онро сабзавоту мева ташкил медиҳад. Соли гузашта байни кишварҳои воридкунандаи молу маҳсулот аз Тоҷикистон Русия зинаи 8-умро ишғол намуд, ки ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии содироти Тоҷикистон 3,4%-ро ташкил дод.

Қобили зикр аст, ки ҳудуди аз се як ҳиссаи воридоти умумии Тоҷикистон дар соли 2021 ба Русия рост омада, ин кишвар ба Тоҷикистон ба маблағи наздики 1,3 млрд доллар молу маҳсулот содир кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...