“Бохтарфуд-2021”: садҳо хориҷӣ, меваву сабзавот, шартномаҳои миллиондолларӣ

Дар шаҳри Бохтар аввалин бисзнесфоруми кишоварзӣ баргузор шуд, ки дар он меҳмонон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Эрону Украина ва намояндагии USAID иштирок карданд. Меҳмононро аз ҷониби Тоҷикистон муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Хакимзода ҳамроҳӣ карданд. Барои иштирочиённамоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ташкил карданд. “Ман аз тамоми шарикони рушд, меҳмонони […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Бохтар аввалин бисзнесфоруми кишоварзӣ баргузор шуд, ки дар он меҳмонон аз кишварҳои Ӯзбекистон, Афғонистон, Русия, Беларус, Эрону Украина ва намояндагии USAID иштирок карданд. Меҳмононро аз ҷониби Тоҷикистон муовини аввали сарвазири кишвар Давлаталӣ Саид ва раиси вилояти Хатлон Қурбон Хакимзода ҳамроҳӣ карданд. Барои иштирочиённамоишгоҳи маҳсулоти кишоварзиву саноатӣ ташкил карданд.

“Ман аз тамоми шарикони рушд, меҳмонони гиромӣ, иштирокдорони форуми байналмилалӣ хоҳиш мекунам, ки ҳаматарафа барои ин пешниҳодҳо якҷоя корбарӣ кунем. Маҳсулоте, ки дар вилоят истеҳсол мешавад аз ҷиҳати экологӣ ва органикӣ ки имрӯз тамоми бозорҳои ҷаҳон тақозо дорад, ҳаматарафа ҷавобгӯ мебошад”, – гуфт дар  суханронияш раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода.

Мутахассисон мегӯянд, маҳсулоти кишоварзии Хатлон нисбати дигар минтақаҳо сифате хосе дорад.

 “Дар солҳои охир навъҳои хело зиёд аз хориҷи кишвар ворид карда истодаанд, ки қобилияти содиротӣ доранд. Бинобар ин ман гумон мекунам, ки меваи тару тозаи вилояти хатлон ҳамааш қобилияти содиротиро доро мебошанд. Инчунин дар доираи лоиҳаҳо имрӯз ба коркард ва нигаҳдории онҳо низ аҳамият дода истодаанд”, – гуфт дар мсуҳбат бо “Азия-Плюс” коршиноси масоили кишоварзӣ Сабоҳатулло Музаффаров.

 

Радивой Лазарович, мутахассиси соҳаи кишоварзӣ аз Сербистон, бори аввал аст, ки дар Тоҷикистон аст, вале алакай хулосаҳое дорад ва ба кишоварзони тоҷик тавсияҳое низ медиҳад.

“Маҳсулоти пуррақобатро бисёр дидам, вале ба ҳар ҳол, фикр мекунам барои кишвари шумо доштани як лабараторияи кишварзӣ лозим аст, то маҳсулоте, ки истеҳсол мекунед аз он гузарад ва бе ягон мамоният ба бозори ҷавонӣ роҳ ёбад”, – гуфт ӯ.

Чунин як форум дар шаҳри Бохтар бори аввал аст. Дар ин намоишгоҳ чанд қарордоди нав, аз ҷумла қарордод барои содироти 1000 тонна ангур ба Русия ва содироти пиёз бо арзиши тақрибан 1 миллион доллар ба Қазоқистон имзо шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.