“Маошро Русия пардохт мекунад”. Барои мактабҳои муштараки Тоҷикистону Русия директору муаллим меҷӯянд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон барои қабули директор ва омӯзгори фанҳои дарсӣ дар мактабҳои муштараки Россияву Тоҷикистон озмун эълон намудааст. Ин мактабҳо дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода ташкил шудаанд ва дар онҳо бо стандарт ва барномаҳои таълимии Русияву Тоҷикистон дарс мегузаранд. Дар ин бора Маркази матбуоти вазорати маориф ва илм хабар дод.

Манбаъ гуфт, ки дар маҷмӯъ, дар ҳар як муассиса 77 омӯзгор қабул шуда, дар ҳар муассиса тибқи фанҳои нақшаи таълим омӯзгорон қабул карда мешавад.

Аз вазорат иттилоъ доданд, ки маоши ин омӯзгорон аз ҷониби Русия пардохт мешавад.

– Дар ҳамин ҳол, дарсҳо дар асоси стандарт ва барномаҳои таълимии Россия ва Тоҷикистон мегузаранд. Қариб барои ҳамаи фанҳо омӯзгор меҷӯем, – гуфтанд аз вазорати маориф ва илм.

Дар эълоне, ки барои қабули директорон ва омӯзгорон ба ин мактабҳо нашр шудааст, омадааст, ки довталабон бояд, шаҳрвандии Русия ё Тоҷикистонро  дошта бошанд ва таърих ва фарҳанги халқҳои ду кишварро донанд.

– Довталабон метавонанд ҳуҷҷатҳои худро бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, шуъбаҳои маорифи шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода пешниҳод намоянд. Қабули ҳуҷҷатҳо то 15 апрели соли 2022 давом мекунад, омадааст дар эълони вазорат.

Ёдовар мешавем, ки созишнома дар бораи ташкил намудани мактабҳои русии муштарак дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзодаи Тоҷикистон миёни Тоҷикистону Русия охири моҳи ноябри соли гузашта дар доираи сафари кории муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук ба Тоҷикистон миёни ӯ, вазири собиқи маориф ва илми Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ва муовини якуми вазири маорифи Россия Александр Бугаев ба имзо расида буд.

Хабаргузории русии “ТАСС” аз қавли Алексей Оверчук навишта буд, ки маблағи ҷудошуда барои бунёди ин мактабҳо $150 млн мебошад.

Ба ғайр аз ин, байни ҳукумати Тоҷикистон ва Русия дар мавриди ҷалби омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон созишнома ба имзо расидааст.

Муҳаммадюсуф Имомзода дар вохӯрӣ бо Алексей Оверчук гуфта буд, ки соли панҷум аст вазорати маорифи Тоҷикистон бо Вазорати маорифи Русия лоиҳаи «Омӯзгорони рус дар хориҷа»-ро амалӣ намуда истодаанд.

– Имрӯз дар муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон 49 нафар омӯзгор фаъолият намуда, аз фанҳои гуногун ба хонандагон таълим медиҳанд, – гуфта буд вазири собиқи маорифи Тоҷикистон.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...