Дар Душанбе хатсайри нави автобуси №15 ба фаъолият шурӯъ мекунад

Шурӯъ, аз 12 апрели соли равон, дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №15 (Маҳаллаи 103-юм – шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд. Манбаъ гуфт, ки дар оянда бо зиёд шудани миқдори автобусҳо хатсайри микроавтобусии №15 бардошта мешавад. Ҳоло маълум […]

Шурӯъ, аз 12 апрели соли равон, дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобусии №15 (Маҳаллаи 103-юм – шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур) ба фаъолият оғоз менамояд. Дар ин бора ба “Азия – Плюс” аз шаҳрдории Душанбе хабар доданд.

Манбаъ гуфт, ки дар оянда бо зиёд шудани миқдори автобусҳо хатсайри микроавтобусии №15 бардошта мешавад. Ҳоло маълум нест, ки баъди ба истифода додани чанд автобус хатсайри микроавтобуси №15 бардошта мешавад.

Ба иттилои шаҳрдорӣ,  автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои М. Шерализода, Б. Ғафуров, Шамсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, Ғ. Валаматзода, М. Назаршоев, А. Дониш, Д. Халқҳо ва шаҳракҳои 192-193-и  маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳаракат менамояд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро дар автобусҳои муосири тамғаи “KING LONG” тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Бино ба маълумоти КВД “Душанбенақлиётхадамотрасон”, ҳамарӯза дар Душанбе зиёда аз 3 ҳазору 600 адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба мусофирон хидматрасонӣ мекунанд: 365 автобус дар 27 хатсайр, 80 троллейбус дар 9 хатсайр, 1 ҳазору 50 микроавтобус (маршрутка) дар 47 хатсайр ва 2 ҳазору 200 такси.

Бо вуҷуди ин, сокинони пойтахт бисёр вақт аз норасоӣ ва риоя нашудани реҷаи корӣ дар нақлиёти ҷамъиятӣ арзу шикоят мекунанд. Мақомот изҳор мекунанд, ки айни замон шумори нақлиёти ҷамъиятӣ комилан кофист ва ба талаботи байнулмилалӣ пурра ҷавобгӯ буда, риоя нашудани реҷаи кор ба ҳолатҳои танбашавӣ дар роҳҳои шаҳр вобаста мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.