Додгоҳи ҳарбӣ як сержантро барои марги ҳамхидматаш 13 сол равонаи зиндон кард

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Додгоҳи ҳарбӣ сержант Сиддиқ Саъдулоевро дар марги сарбоз Миралӣ Боқиев айбдор дониста ӯро ба 13 соли зиндони низомаш сахт маҳкум кардааст. Дар ин бора пайвандони сарбози кушташуда хабар дода гуфтанд, ки мурофиа рӯзи 5-уми апрел дар қисми ҳарбии ноҳияи Ҳамадонӣ ва он ҷое, ки Боқиев хидмат мекард, доир шуд.

Зариф Зарипов, амаки Миралӣ Боқиев, субҳи 8-уми апрел дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки додгоҳ сержант Сиддиқ Саъдулоевро дар марги мармузи ҷиянаш айбдор дониста, ӯро равонаи зиндони низомаш сахт кард. Вай гуфт, айбдоркунандаи давлатӣ ба Саъдуллоев 14 солу 8 моҳ хост, вале додгоҳ ҳукми ниҳоиро 13 сол таъин кард.

Бино ба гуфтаи ӯ дар робита ба марги Миралӣ Боқиев, сарбози неруҳои марзбонӣ алайҳи боз се нафар, ду командир ва як сарбози қисми ҳарбии Ҳамадонӣ парванда боз шудааст. Ба хонаводаи Боқиевҳо гуфтаанд, онҳо ҳам ҷазо мегиранд.

“Яке аз командирон баромада гап зада гуфт, ки ҳангоми латукӯби Миралӣ дар ҷойи ҳодиса нафарони зиёд буданд. Суд пурсид ту ҳам будӣ, бале будам гуфт. Вақте пурсиданд, ту чаро халос накардӣ, гап назад”,-мегӯяд, Зариф Зарипов.

Фирӯз Раҷабзода, додситони ҳарбии минтақаи Кӯлоб моҳи феврал ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки пас аз анҷмои тафтишот командирҳои Боқиев ва Саъдулоев ҳам муҷозот хоҳанд шуд. Вай мегӯяд, Миралӣ Боқиев аз сӯйи ҳамхидматаш, сержант Сиддиқ Саъдуллоев лату кӯб мешавад ва пас аз ду зарбаи мушт дар ҷойи ҳодиса кушта мешавад.

“Инро хулосаи ташхиси судӣ ҳам тасдиқ мекунад. Худи гумонбар Саъдуллоев ҳам тасдиқ мекунад, ки Боқиевро бо мушт ду зарба задааст ва ӯ баъди зарбаи дувум ба ҳалокат расид.  Ҳоло ин сержант бар асоси қисми 3-и моддаи 391 Кодекси ҷиноӣ муттаҳам мешавад”.-гуфта буд, Раҷабзода.  

Миралӣ Боқиев, сарбози 20 солаи неруҳои марзбонӣ шаби 17-уми январи имсол аз суйи ҳамхидматаш Сиддиқ Саъдуллоеви 22-сола, ки аз ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, кушта шуд. Ҷасади ӯро 19-уми январ дар зодгоҳаш деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент, ба хок супурдаанд. 

Келдиёр Боқиев, падари Миралӣ рӯзи 10-уми феврал ба “Азия-Плюс” гуфта буд, ки дар робита ба марги мармузи писараш аз додситони ҳарбии Душанбе хост, ба ҷузъ сержант боз командиру касони дигари қисми низомӣ низ бояд ҷазо гиранд. Вай иддаъо карда буд, ки чаро сарбозон дар артиш беназорат мемонанд.

 “Мисол командир, қисми навбатдорӣ дорад, вале чаро сарбоз сарбозро зада мекушад. Дар соати 10-и шаб се сарбозро мебарорнанду мезананд, чаро касе бохабар нашуд”,-иддаъо кард, Келдиёр Боқиев.

Миралӣ Боқиев моҳи майи соли 2021 ихтиёрӣ ба хидмат рафта, дар қисми низомии №0307 неруҳои марзбонӣ дар ноҳияи Ҳамадонӣ хидмат мекард ва фарзанди хурдии хонавода буд. Пайвандонаш гуфтанд ӯро ба хотири як бушлат латукӯб карданд, ки аз зарби сарбози бузургсолор дар ҷойи ҳодиса фавтид.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...