Хатари 2 ҳазор сомонӣ ҷарима ба ронандаи автобусе, ки 7 таксиро пахш кард

Дар Душанбе нисбат ба ронандаи автобусе, ки ба 7 автомашина бархӯрд, мутобиқаи моддаи 33-и Кодекси маъмурӣ санад тартиб дода шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе. Назар Назаров мувофиқи ин модда – вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ – метавонад дар ҳаҷми аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисоб […]

Дар Душанбе нисбат ба ронандаи автобусе, ки ба 7 автомашина бархӯрд, мутобиқаи моддаи 33-и Кодекси маъмурӣ санад тартиб дода шуд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Назар Назаров мувофиқи ин модда – вайрон кардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ – метавонад дар ҳаҷми аз 20 то 30 нишондиҳанда барои ҳисоб (аз 1280 то 1920 сомонӣ) ҷарима шавад.

“Ба ҷуз ҷарима, ҳамчунин бо қарори суд ӯ ба пардохти қисмате аз маблағи зиёни расида ба таксиронҳо уҳдадор мешавад. Бо вуҷуди суғурта доштани автомашинаҳои таксиронҳо, ба вай лозим меояд, ки қисмате аз маблағи муайянкардаи судро пардохт намояд. Аз 7 автомашина 3-тоаш нисбатан зиёд осеб дидаанд”, – гуфтанд дар Раёсати ВКД.

Дар Раёсати БДА-и шаҳр хабар доданд, ки ҳаҷми зиёни умумии расида ба автомашинаҳо ҳоло муайян карда мешавад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 2 апрел дар рӯ ба рӯи бинои Донишгоҳи тиббӣ автобус ба 7 автомашина, аз ҷумла таксиҳо бархӯрд.

Рӯзи 7 апрел дар барномаи иттилоотии ВКД кишвар (“Ахбори ВКД”) ронандаи ин автобус изҳор намуд, ки дар сари чанбарак хобаш бурдааст ва тасдиқ кард, ки суръат аз меъёр зиёд буд.

“Сари чанбарак хобам бурдааст ва вақте ки бедор шудам, дидам, ки автобус ба мошинҳо бархӯрдааст”, – мегӯяд ронандаи автобус.

https://www.youtube.com/watch?v=FHz3q_alr1s

Дар ҳамин ҳол, ин садамаи нақлиёт дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд баҳс мешавад – яке ронандаи автобусро гунаҳкор медонаду дигаре дилаш ба ӯ месӯзад ва чанде мехоҳанд, ки дар пардохти ҷарима ба ӯ кумак кунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.