Моҳи апрел ҳаво дар Тоҷикистон мисли тобистон гарм мешавад

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Моҳи апрел обуҳаво дар Тоҷикистон мисли тобистон гарм мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори шуъбаи пешгӯиҳои металогии Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ Саттор Саидов.

Ба гуфтаи ӯ, тайи солҳои ахир дар моҳи апрел тамоили болоравии ҳарорат ба мушоҳида мерасад.

“Масалан, нисбат ба соли 2020 дар соли 2021 ҳарорат 2 дараҷа баланд буд. Фарқият байни имсол ва соли гузашта низ миёни 1 ва 2 дараҷа қарор дорад. Ба сурати умум, моҳи апрели имсол ҳарорат 2 дараҷа баландтар аз меъёри иқлимӣ аст”, – иброз дошт номбурда.

Давоми тамоми моҳи апрел тағйирёбии ҳарорат дар водиҳо аз +17+22 то +23+28 пешбинӣ мешавад. Дар минтақаи ҷануби кишвар ҳарорат то 30-32 ва дар доманакӯҳҳо аз 11 то 23 дараҷа гарм мешавад.

Ҳарорат шабона дар водиҳо аз 9 то 20 дараҷа ва дар кӯҳҳо аз 7 то 12 дараҷа гарм мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи Саидов, сарфи назар аз ҳавои гарм дар моҳи апрел, дар баъзе минтақаҳо боришоти зиёд, раъду барқ ва шамоли сахт дар назар аст.

Намояндаи Агентӣ зикр кард, ки то нимаи моҳи апрел обуҳавои бидуни боришоти наззарас пешбинӣ мешавад.

“Рӯзҳои 9 ва 13 апрел боришоти кӯтоҳмуддат дар назар буда, лекин дар даҳаи сеюми моҳ боришоти шадид пешбинӣ шудааст. Ҳам дар ноҳияҳои кӯҳистон ва ҳам дар водиҳо боришоти аз меъёр зиёд аз эҳтимол дур нест”, – гуфт вай.

Мувофиқи пешгӯиҳо, боридани жола ва шамоли сахт низ эҳтимол дорад, ки ба тӯфони чангу ғубор ва туман боис шуда метавонад.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносӣ, то охири ҳамин ҳафта ва аввали ҳафтаи оянда дар вилоятҳои Хатлну Суғд обуҳавои гарм дар назар аст.

Дар вилояти Хатлон рӯзона обуҳаво то 36 дараҷа ва дар вилояти Суғд – то 34 дараҷа гарм мешавад.

Дар ВМКБ низ обуҳавои хушку бебориш дар назар буда, дар ғарби вилоят ҳарорат то 25 дараҷа ва дар шарқи минтақа то 12 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру навоҳии тобеи марказ ҳарорат дар водиҳо то  33 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру Душанбе обуҳавои бебориш дар назар буда, ҳарорат рӯзона то 32 дараҷа гарм мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...