СММ узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи башар боздошт

Бар асоси тасмими Маҷмаи Умуми Созмони Милали Муттаҳид  узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон мутаваққиф шуд. Далели таваққуфи узвияти Русия нақзи шадид ва мунтазами  ҳуқуқи инсон зимни ҳамлаи Русия ба Укроин аз сӯйи низомиёни Русия эълон шуд. Ба ҷуз Русия, дар ин Маҷмаа 93 кишвари узв раъйи мувофиқ доданд. 24 кишвар, аз ҷумла […]

Asia-Plus

Бар асоси тасмими Маҷмаи Умуми Созмони Милали Муттаҳид  узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари ин созмон мутаваққиф шуд.

Далели таваққуфи узвияти Русия нақзи шадид ва мунтазами  ҳуқуқи инсон зимни ҳамлаи Русия ба Укроин аз сӯйи низомиёни Русия эълон шуд.

Ба ҷуз Русия, дар ин Маҷмаа 93 кишвари узв раъйи мувофиқ доданд. 24 кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон раъйи мухолиф дод. 58 кишвари дигар аз додани раъй худдорӣ карданд.

Геннадий Кузмин, муовини намояндаи Русия дар СММ ин қатъномаи СММ-ро "ғайриқонунӣ ва дорои ангезаи сиёсӣ" номид.

Чин ҳам мухолифи боздошти узвияти Русия раъй дод. Намояндаи Чин  Чжан Тсзюн ин тасмимро шитобкорона номид ва гуфт, ки он мухолифатҳо дар СММ-ро суръат мебахшад.

Намояндаи Укроин дар СММ Сергей Кислитса қабл аз раъйдиҳӣ гуфт, ки ҳимоят аз қатънома  Шӯрои ҳуқуқи башарро наҷот медиҳад ва ҷони бисёриҳоро дар Укроин  ва дунё эмин медорад.

Мутаваққиф кардани узвияти Русияро дар Шӯрои ҳуқуқи башари СММ ҳафтаи гузашта ИМА пешниҳод карда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.