Бензину газ дар Тоҷикистон боз арзонтар шуд

Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт, аз қабили бензину газ ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) назар ба поёни ҳафтаи гузашта каме арзонтар шудааст. Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ(НФС)-и Душанбе дар ҳоли ҳозир 1 литр бензин АИ-95 11,90 АИ- 92 11:40 сомони, дизел 12-12:20 сомон ва  гази моеъ 6:80 сомони. Дар НФС-ҳо мегӯянд арзиши маводи сӯхтро воридкунандагони калон поён овардаанд […]

Дар Тоҷикистон нархи маводи сӯхт, аз қабили бензину газ ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) назар ба поёни ҳафтаи гузашта каме арзонтар шудааст.

Дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ(НФС)-и Душанбе дар ҳоли ҳозир 1 литр бензин АИ-95 11,90 АИ- 92 11:40 сомони, дизел 12-12:20 сомон ва  гази моеъ 6:80 сомони.

Дар НФС-ҳо мегӯянд арзиши маводи сӯхтро воридкунандагони калон поён овардаанд ва пасту боло шудани нархҳо, аслан аз ширкатҳои воридкунанда бастагӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар давоми як ҳафтаи ахир арзиши маводи сӯхт дар шимоли Тоҷикистон шам пойин рафта, дар муқоиса ба охири моҳи март, имрӯз қимати бензин, сӯзишвории дизелӣ ва гази моеъ то 20 дирам арзон шудааст.

Субҳи 7-уми апрел дар тоблуи нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ дар шаҳри Хуҷанд арзиши 1 литр бензини АИ-95 11:90, АИ-92 11,40 сомонӣ,  сӯзишвории дизелӣ (солярка) 12:20 сомонӣ ва гази моъе 6:70 сомонӣ ва дар баъзе нуқтаҳо 6,60 сомонӣ навишта шудааст.

Дар муқоиса ба нархномаи охири моҳи март нархи ҳама намуди навъи бензин ва гази моъе 20 дирам ва сӯзишвории дизелӣ (солярка) 10 дирам арзонтар шудааст.

Рӯзи 31-уми март дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд нархи фурӯши 1 литр бензини навъи АИ-95 12,20 сомонӣ ва серистеъмолтари он АИ-95 12,10 сомонӣ, АИ-92 11,60 сомонӣ, сӯзишвории дизелӣ (солярка) 12,30 сомонӣ ва гази моъе 6,80-6,90 сомонӣ буд.

Дар яке аз нуқтаҳои сӯхтфурӯшии вилояти Суғд сабаби то ҷойе пойин рафтани нархи маводи сӯхтро ба мо шарҳ надоданд ва танҳо гуфтанд, ки “дар асоси дастуре, ки аз боло мешавад нархномаро ҳамарӯза иваз мекунанд”.

Аммо бино ба мушоҳидаҳо ва арзёбии коршиносони бозори сӯзишворӣ поинравии нархи маводи сӯхт ба болоравии қурби рубли русӣ нисбат ба доллар ва коҳиши нарх дар биржаи ҷаҳонӣ аст. Ба иттилои омори расмӣ 86% маҳсулоти нафтии воридшуда ба Тоҷикистон аз Русия ва ҳудуди 90%-и воридоти гази моеъ ба Қазоқистон рост меояд.

Дар ҳамин ҳол, имрӯз 7-уми апрел дар шаҳри Бохтар, маркази вилояти Хатлон бензин 11:40, сӯзишвории дизелӣ 12-12:20 ва газ 6:80 қимат дорад.

Пештар дар Раёсати минтақавии гумрук дар вилояти Суғд гуфта буданд, ки дар моҳи феврали имсол назар ба ҳамин давраи соли 2021 воридоти ҳама намуди маҳсулоти нафтӣ 3896 тонна, аз ҷумла бензин 1246 тонна, сӯзишвории дизелӣ 2313 тонна зиёд шудааст. Аммо воридоти гази моъе 441 тонна дар муқоиса ба моҳи феврали як соли пеш дар моҳи феврали имсол кам шудааст.

Дар гузашта аз Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон гуфта буданд, ки маъмулан дар мавсими зимистон бинобар сабаби кам шудани талабот, нархи сӯзишворӣ поин меравад. Дар мавсими тирамоҳу баҳор бошад, баръакс, бо сабаби оғози корҳо дар бахши кишоварзӣ арзиши сӯзишворӣ боло меравад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...