Ахиран муовини раиси шаҳри Панҷакентро баъди 3 сол таъин карданд

Хуршед Фозилов, барои Asia-Plus

Ахиран пас аз тақрибан 3 соли холӣ будани мансаби муовини раиси шаҳри Панҷакент, ба ин мақом Нақибӣ Парвина Нарзӣ (Парвина Тошева) таъин гардид. Дар ин бора котиби матбуотии раиси шаҳри Панҷакент Ҷаҳонгир Толибӣ ба “Азия плюс” иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, фармони ба вазифаи муовини раиси шаҳри Панҷакент таъин гаридани Нақибӣ Парвина Нарзӣ, дар мувофиқа бо президенти кишвар 7-уми апрел содир шудааст.

Дар ҳамин ҳол, то кунун далели аслии холӣ будани курсии яке аз муовинони раиси шаҳри Панҷакент шарҳ дода нашудааст. 

Парвина Нарзӣ то ин вақт дар вазифаҳои гуногун: мутахасис ва баъдан мудири шӯъбаи кор бо занон ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент кор кардааст.

Аз соли 2015 то ин дам ба ҳайси муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент кор мекард. Хатмкардаи риштаи ҳуқуқи ва мудирияти давлатии Донишгоҳи озоди Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент аст.

Қаблан дар ин мақом  Зайнура Азимӣ кор мекард, ки дар соли 2019 муовини раиси вилояти Суғд таъин шуд ва ин курсӣ баъди таъинӣ ӯ то кунун холӣ буд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...