Рӯзҳои истироҳат қурби рубли русӣ дар баробари сомонӣ боз 5% боло рафт

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба рубли Русия, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мешавад, тайи рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қариб ба андозаи 5% – аз 0,1634 дар рӯзи ҷумъа, 8 апрел то ба 0,1715 сомонӣ барои 1 рубл имрӯз, 11 апрел поин рафт. Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар бетағйир (12,50 сомонӣ барои 1 […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба рубли Русия, ки аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар мешавад, тайи рӯзҳои истироҳати ҳафтаи сипаришуда қариб ба андозаи 5% – аз 0,1634 дар рӯзи ҷумъа, 8 апрел то ба 0,1715 сомонӣ барои 1 рубл имрӯз, 11 апрел поин рафт.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллар бетағйир (12,50 сомонӣ барои 1 доллар) боқӣ монда, дар баробари евро ба миқдори 0,5% – аз 13,6438 сомонӣ то ба 13,5775 сомонӣ барои 1евро боло рафт.

Қурби расмии сомонӣ нисбат ба асъори хориҷӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза муқаррар шуда, барои баҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохти андоз, инчунин ҳисоббаробарӣ кардани пардохтҳои гумрукӣ ва дигар ҳисобҳо истифода мешавад.

Қобили зикр аст, ки тайи ҳафтаи ахир тамоили болоравии қурби рубл нисбат ба сомонӣ ба мушоҳида расида, аз 4 апрел қурби он ба андозаи 16% зиёд шуд.

Қурби рубл нисбат ба сомонӣ бар асари афзоиши қурби он дар баробари доллар боло меравад – аз оғози моҳи апрел асъори Русия ба сатҳи “то амалиёти махсуси низомӣ”” бозгашт. Охири ҳафтаи гузашта дар Биржаи Маскав қурби доллар бори нахуст аз моҳи июни соли 2020 ба сатҳи камтар аз 72 рубл поин фаромад.

Коршиносони Русия бар ин назаранд, ки қурбли рубл дар натиҷаи афзоиши талабот ба он нисбат ба пешниҳод боло рафта, метавон гуфт, ки қурби воқеии доллар нисбати рубл 74 рубл барои 1 доллар хоҳад буд.

Қобили зикр аст, ки қурби рубл барои оилаҳои муҳоҷирони тоҷик, ки саробонашон дар Русия кор мекунанд, хеле муҳим аст.

Ҳамчунин мебояд гуфт, аз соли 2016 бо дастури Бонки миллии Тоҷикистон маблағҳои интиқол бо рубли Русия дар бонкҳои ҷумҳурӣ танҳо бо арзи миллӣ пас аз мубодилаи он бо қурби ҳамон лаҳза дода мешаванд.

Тибқи маълумоти Бонки марказии Русия, соли 2021 шахсони воқеӣ аз Русия ба Тоҷикистон 1,8 млрд доллар маблағ фиристодаанд, ки 95%-и он бо рубл фиристода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.