Ба хотири Ҷоми Осиё дарвозабони “Хуҷанд”-ро пас аз “облава” ҷавоб доданд

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Шоҳрух Қирғизбоев, дарвозабони ҷавони дастаи “Хуҷанд” пас аз чанд лаҳзаи “облава” шуданаш боз раҳо шудааст. Ӯро ба хотири бозиҳои Ҷоми Осиё, ки дар назар аст тобистони имсол дар Бишкек доир мешавад ба хидмат набурданд. Шоҳрух дар ин бозӣ ҳамчун дарвозабон дар тими мунтахаби миллии Тоҷикистон баромад мекунад.

Дирӯз, 14-уми апрел чанд тан аз кормандони комиссариати ҳарбӣ Шоҳрух Қирғизбоевро пас аз анҷоми тамрин дар назди варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд “облава” карда буданд.

Хабари ба таври иҷборӣ боздошту ба хидмат бурдани ин дарвозабон дар гурӯҳи фейсбукии “Ҷаҳони Футболи Тоҷик” пайдо шуд. Дар ин гуруҳ навиштаанд, ки “худи имрӯз пас аз анҷоми тамринҳо, кормандони комиссариати ҳарбӣ дарвозабонро 10 нафара аз дохили варзишгоҳ бурданд. Шоҳрух дар ҳамин равзанаи трансферии тобистона аз тими "Истиқлол" ба ҳайати "Хуҷанд" пайваст. Ин маротибаи якум нест, ки футболбозонро ба хидмати ҳарбӣ мебаранд”.

Мурод Умаров, директри иҷроияи дастаи “Хуҷанд” дар суҳбат ба “Азия-Плюс” хабари “облава” шудани Шоҳрух Қирғизбоевро таъйид карда гуфт, ки ӯро пас аз анҷоми тамрине дар назди варзишгоҳи “20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” дар шаҳри Хуҷанд боздошт карданд. Аммо ӯ гуфт, кормандони коммисариати ҳарбӣ пас аз чанд лаҳзаи бурдан боз ӯро ҷавоб доданд.

“Шоҳрух бозингари тими миллӣ аст ва моҳҳои июн бозиҳои Ҷоми Осиё доир мешавад ва аз ин рӯ ӯро ҷавоб доданд. Ин бозӣ дар Бишкек мегузарад ва дар он тими мунтахаби Қирғизистон, Сингапур, Мянма бозӣ мекунанд. Шоҳрух Қирғизбоев ҳамчун дарвозабон тими мунтахаби миллии Тоҷикистонро дар он муаррифӣ мекунад. Ӯ ҳам ба дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ҳам дастаи тими мунтахаби миллӣ дарвозабон аст”.-гуфт, Мурод Умаров.

Аммо ӯ изҳор дошт, ки барои рафтани футболбозон ба ҳарбӣ муқобил нест. Ба гуфтаи Мурод Умаров, директри иҷроияи дастаи “Хуҷанд” бисёри бозингарони ин даста донишҷӯёну яккаписар ҳастанд ва агар мӯҳлати кадоме аз онҳо расида бошад бояд, рафта хидмат кунанд.

“Мо имсол Парвиз Алиев ҳамлагари дастаи “Хуҷанд”-ро ба хидмат равон кардем ва дар яке аз қисмҳои низомии Вазорати мудофеъ хидмат мекунад ва дар дастаи Душанбе баромад мекунад. Мо ягон футболистро пинҳон намекунем, кадомаш, ки вақту соаташ омад бояд хидмат кунад. Ин вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст”.

Шоҳрух Қирғизбоев 22 сол дорад ва аз ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошад. Ӯ ҳамагӣ чанд моҳ пештар аз дастаи “Истиқлол” ба дастаи “Хуҷанд”-и Хуҷанд пайваст. Ҳоло мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни бошгоҳҳои лигаи олӣ оғоз шудааст ва ин дарвозабон ҳам ба ин мусобиқа ва ҳам ба бозиҳои Ҷоми Осиё омодагӣ мебинад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...