Дар мактабҳои Душанбе барономаи “eDonish” роҳандозӣ мешавад

Манзума Фирӯз, Asia-Plus

Дар 55 мактаби шаҳри Душанбе барномаи электронии “eDonish” роҳандозӣ мешавад ва дар назар аст, ки  дар марҳилаи дуюми ин тарҳ беш аз 50 мактаби дигар низ ба ин хидматрасонӣ пайваст шаванд.

Асомиддин Бобозода, сардори Раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи Душанбе ба «Азия-Плюс» гуфт, дар 55 мактаби миёнаи пойтахт барномаи мазкур аз моҳи августи соли 2021 ба роҳ монда шуда, натиҷаи хубе ба даст овардаанд.

Ӯ гуфт, ки бартарӣ ва хубии барномаи “eDonish” дар он аст, ки ин барнома хидматрасонии электронӣ мебошад, ки тавассути он волидони хонандагони муассисаҳои таълимӣ аз ахлоқу рафтор ва пешрафти донишомӯзии фарзандони худ бо истифода аз воситаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосир ва гирифтани паёмакҳо ба телефонҳои ҳамроҳ ба таври доимӣ бохабар мешаванд.

«Барои пайваст гардидан ба барнома рақами телефони ҳамроҳи падар ё модари хонанда гирифта мешавад, ки ба ин рақам баҳои гирифтаи фарзанд, сатҳи ахлоқу рафтор ва дигар ҷанбаҳои марбут ба фарзандонашон паёмак карда мешавад»,-мегӯяд ӯ. 

Ин масъули маорифи Душанбе мегӯяд, ки баъди роҳандозии ин хидматрасонӣ миёни хонандагон нофаҳмӣ ва заду хӯрд коҳиш ёфтааст, ки беҳбудии корро нишон медиҳад.

Бобозода иброз намуд, ки барномаи “eDonish” дар муассисаҳои таълимӣ ройгон роҳандозӣ мегардад ва барои огоҳ намудани волидон аз рафти таҳсили фарзандаш як нафар масъул аст, ки дар кӯҳтотарин фурсат иттилоъро  ба телефонҳо ирсол мекунад.

Бояд гуфт, ки 13 апрел барои 55 мактаби Душанбе аз сӯйи муассисаи “Шаҳри ҳушманд” ва Маркази таҳлилӣ-иттилоотии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душнабе муштаракан бо «Ватан ИКТ» рӯнамоии барномаи электронии “eDonish” баргузор гардид.

Дар Душанбе дар аввал дар панҷ мактаб  барномаи онлайни «eDolish»-ро роҳандозӣ гардид. 

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...