Google, YouTube, Facebook, Instagram ва Apple ба Тоҷикистон 2 млн сомонӣ андоз пардохт кардаанд

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Кумитаи андози Тоҷикистон гуфтааст, 21 ширкати бонуфузи хориҷӣ, аз ҷумла Google, YouTobe, Facebook, Instagram ва Apple, ки дар мақомоти андози Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, дар соли 2021 ба буҷети кишвар беш аз 2 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Дар ин бора як масъули Кумитаи андоз Собирҷон Исоев дар суҳбат бо хабаргузории “Ховар” хабар додааст.

Исоев гуфтааст, аз ҷумла ширкати “Google Comerce Limited”, ки YouTobe яке аз зерширктаҳои он аст, беш аз 800 ҳазор сомонӣ, ширкати “Meta Platforms Ireland Limited”, ки шабакаҳои иҷтимоии “Facebook”, “Instagram” ва “WhatsApp” тобеи он мебошад, беш аз 690 ҳазор сомонӣ, ширкати маъруфи “Apple” 462 ҳазор, “Netflix” 43 ҳазор, “Amazon” қариб 19 ҳазор ва “Microsoft” 18 ҳазор сомонӣ ба буҷети Тоҷикистон андоз пардохт намудаанд.

Ин масъули Кумитаи андоз гуфтааст, то ҳол 32 блогери тоҷик дар мақомоти андоз ҳамчун соҳибкор ба қайд гирифта шуда, дар семоҳаи аввали соли равон онҳо ба буҷети кишвар 112,4 ҳазор сомонӣ андоз пардохт намудаанд.

Номбурда гуфтааст, ба ҳолати 1 апрели соли 2022 дар мақомоти андоз 725 субъекти дар соҳаи тиҷорати электронӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуда, дар се моҳи соли ҷорӣ онҳо  зиёда аз 3,7 млн сомонӣ ба буҷети Тоҷикистон андоз пардохт кардаанд.

Бо вуҷуди ин, корманди масъули мақомоти андоз изҳори нигаронӣ кардааст, ки “миёни шаҳрвандон ва андозсупорандагон ҳастанд шахсоне, ки бо истифода аз шабакаи интернетӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ намуда истодаанд, бидуни бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти андоз ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул мебошанд”.

Ба таъкиди ӯ, онҳое ки тавассути Интернет ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва аз он даромад мегиранд, дар асоси қонунгузорӣ уҳдадоранд,  ки ба буҷети Тоҷикистон андоз пардохт кунанд.

Бояд гуфт, тобистони соли гузашта Кумитаи андоз хабар дода буд, ки ширкати“Apple” нахустин ширкати хориҷие буд, ки аз хизматрасониҳои электронӣ ба Тоҷикистон ба пардохти андоз ба буҷаи Тоҷикистон оғоз кардааст. Он замон ин ширкат барои семоҳаи якум ва дуюми соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда,  беш аз 238 ҳазор сомонӣ ба буҷаи Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт намудааст.

Ёдрас мешавем, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷапардохт намоянд.

То ҳол, 21 намояндагии ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...