Бешухӣ: Ширкати Apple ба Тоҷикистон андоз пардохт кард. 238 ҳазор

Ширкати “Apple” ба пардохти андоз ба буҷаи Тоҷикистон оғоз кардааст. То кунун ин нахустин ширкати хориҷист, ки аз хизматрасониҳои электронӣ ба Тоҷикистон андоз пардохт мекунад.  Ширкати амрикоии “Apple Distribution International Limited” беш аз 238 ҳазор сомонӣ ба буҷаи Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт намудааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Маркази матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии […]

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Ширкати “Apple” ба пардохти андоз ба буҷаи Тоҷикистон оғоз кардааст. То кунун ин нахустин ширкати хориҷист, ки аз хизматрасониҳои электронӣ ба Тоҷикистон андоз пардохт мекунад. 

Ширкати амрикоии “Apple Distribution International Limited” беш аз 238 ҳазор сомонӣ ба буҷаи Тоҷикистон андоз аз арзиши иловашуда пардохт намудааст. Дар ин бора ба “Азия плюс” аз Маркази матбуоти Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Манбаъ гуфт, ки дар байни ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ҳамчун шахсони воқеӣ барои пешниҳоди хизматрасониҳои электронӣ ба қайд гирифта буданд, ин ширкат нахустин шуда, рӯзи 16 июли соли равон барои семоҳаҳои I ва II–и соли 2021 эъломияи андозии худро пешниҳод намуда, андоз аз арзиши иловашударо барои ин давраҳо ба буҷаи Тоҷикистон пардохт кард. 

Ёдрас мешавем, ки тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андоз” аз 17 декабри соли 2020, ширкатҳои хориҷие, ки дар Тоҷикистон ба шахсони воқеӣ хизматрасониҳои электрониро пешниҳод менамоянд, бояд тибқи тартиби муқарраршуда дар Кумитаи андоз ба қайд гирифта шуда, андоз аз арзиши иловашударо ҳисоб ва ба буҷапардохт намоянд.

То ҳол, 18 намояндагии ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикистон хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, дар мақомоти андоз ба қайд гирифта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.