Маҳмадюсуф Исмоилов хабарнигори зиндонӣ озод шуд: “ба ҳаҷву танзнависӣ мегузарам”

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Пас аз наздик ба 9 соли зиндон хабарнигори тоҷик Маҳмадюсуф Исмоилов, бегоҳии 16-уми апрел раҳо шуд. Ӯро моҳи октябри соли 2013 бо ҷурми "тамаъҷӯӣ" ва "қаллобӣ" 11 сол равонаи зиндон карда буданд. Исмоилов бо вуҷуди адои ҷазо, барои се соли дигар аз ҳуқуқи рӯзноманигорӣ маҳрум аст. Вале ӯ мегӯяд, тасмим дорад дар ин муддат ба фаъолияти ҳаҷву танзнависӣ бипардозад. 

Маҳмадюсуф Исмоилов хабарнигори тоҷик ва зодаи ноҳияи Ашт, пас аз адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии 3/5 шаҳри Хуҷанд озод шуд. Вай пас аз чанди лаҳзаи озод шудан дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт, ки 8 солу 10 моҳи умраш дар  зиндон паси сар шуд. Вазъи саломатии хабарнигор хуб ба назар мерасид ва зоҳиран ба мисли солҳои пешин ҷасорати ҳарф задан камбду мушкилҳо дар ӯ ҳанӯз дида мешуд. Ӯ  мегӯяд, аз гуфтани ҳар он чи ки барои ислоҳи камбудӣ ва пешрафти ҷомеъа аст, намеҳаросад.

“Ба рӯзноманигорон ва созмонҳои ҳимояи ҳуқуқ ва ҳар касе, ки барои ҳимояти ман бархоста қазияи маро менавиштанд сипос мегӯям. Маҳз навиштаҳои ҳамкасбон буд, ки руҳияи маро нашикастанд ва барои мубориза бурдан талош кардам. Маҳз пуштибониву навиштаи рӯзноманигорон буд, ки маро зинда нигоҳ доштанд ва аз ҷиҳати равонӣ кумаки зиёд карданд”,-гуфт Исмоилов. 

Исмоиловро 24-уми июни соли 2013 бар асоси аризаи сокини ноҳияи Ашт Санавбар Аҳадова боздошт ва 28-уми октябри ҳамон сол аз руйи ду моддаи Кодекси ҷиноятӣ: 247 (тақаллубкорӣ) ва 250 (тамаъҷӯӣ) гунаҳкор дониста шуда, ба 11 соли зиндони низомаш сахт маҳкум карданд. Мақомот хабарнигорро дар тамаъҷӯӣ 100 сомонӣ гунаҳкор карданд ва ахиран зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бино ба иттилои ВКД ҳангоми гирифтани 400 сомонӣ боздошт шуд.

Аммо худи Маҳмадюсуф Исмоилов дар мурофиаи додгоҳии соли 2013 гуфта буд, ки худро гунаҳкор намешуморад ва аз додгоҳ хоста буд ӯро бегуноҳ эътироф намоянд. Пас аз озод шудан низ хабарнигор худро бегуноҳ ҳисобида мегӯяд, зане, ки ӯро дар гирифтани пора айбдор карда буд баъдан узр пурсидааст.

"Ҳамон зане, ки маро бо гирифтани пора айбдор кард, баъди як соли ҳукм ба ман навишт, ки маро маҷбур карданд. Ман он занро гунаҳкор ҳисоб намекунам, ӯро мақомот ба гап гирифта буданд. Дар охир пушаймон шуд. Аз руйи шуниди ман, баъдан намедонам чӣ шуд, ӯ низ зиндонӣ шудааст”,-гуфт хабарнигорӣ зиндонишуда.

Тайи ҳашт соле, ки хабарнигор дар зиндон буд, дар Тоҷикистон чаҳор бор қонуни афв қабул шуд, аммо муҳлати ҳабси Исмоилов ҳамагӣ 1 солу ҳашт моҳ кам шуда буд. Охирон бор соли 2021 бар асоси қонуни нави афв муҳлати ҳабси ин хабарнигор 3 моҳу 18 рӯз кам шуд ва интизор мерафт моҳи апрели имсол раҳо шавад.

Қаблан низ, дар охирҳои соли 2010 алайҳи Маҳмадюсуф Исмоилов баъди нашри мақолаи танқидияш бо номи “Ашт валангор мешавад” бо ҷурми “тӯҳмат, таҳқир, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ” парванда боз карда, 11 моҳ дар боздоштгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштанд. Он сол хабарнигор бо пуштибонии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи рузноманигорон аз боздошт раҳо шуд.

Ин хабарнигор дар гузашта дар ҳафтаномаи “Нури зиндагӣ” ва дигар нашрияҳо кор кардааст.

Ба гуфтаи хабарнигор, дар ин муддат умраш дар зиндон ба 63 расид, вале ҳамоно мехоҳад барои ободии халқу ватан ва пешрафт бояд камбудиҳо гуфта шавад.

Маҳмадюсуф Исмоилов, аз камтарин хабарнигорони тоҷике ҳаст, ки ду даъфа маҳз бо ҷурми навиштаҳояш паси панҷара нишастааст. Ӯ бо бардошҳояш аз ҳаёти зиндон мегӯяд, муносибати зиндониён хело хуб буд. “Онҳо маро ҳамчун фарҳангшинос ном мебурданду номи маро аз рӯзномаву сомонаҳо мехонданд. Фахр мекарданд, ки расонаҳо аз зиндониён гуфта меистад. Дар маҳбасхонаҳо зиндониёне низ ҳастанд, ки гуноҳе надоранд ва мехоҳам афв нисбати онҳо татбиқ гардад”, – орзу дорад хабарнигор.

Хабарнигор тасмим дорад, фурсатҳои наздик дар Душанбе ё Хуҷанд нишасти хабариие барпо кунаду перомуни ҳамаи суолҳое, ки дар фаъолияти кориву пушти миллаҳои зиндон дид ба рӯзноманигорон посух диҳад. 

Маҳмадюсуф Исмоилов 18-уми июни соли 1960 дар ноҳияи Ашт зода шуда, маъюби гурӯҳи дуюм ва падари ду фарзанд мебошад. Ӯ гуфт, ки 230 сомонӣ нафақа мегирад аз ҳеҷ куҷое кӯмак пайдо намекунад, яке аз фарзандонаш ба хотири рӯзгор ба Русия ба муҳоҷират рафта меояд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...