Рустами Эмомалӣ минбаъд шаҳрвандонро дар бинои собиқи Маркази тадқиқоти стратегӣ мепазирад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шаҳрдории Душанбе пурра ба бинои собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 40) кӯчид ва аз ин пас мардум метавонанд барои баррасии мушкилот ва дигар талаботи шаҳрдорӣ ба ин суроға муроҷаит кунанд. Дар ин бора шаҳрдории Душанбе хабар додааст.

То ин дам қисме аз кормандони шаҳрдории Душанбе дар хиёбони Рӯдакӣ 80 – бинои собиқи ҳукумати кишвар ё Қасри президент ва қисме дар бинои собиқи Маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон (хиёбони Рӯдакӣ 40) фаъолият мекарданд. Вале қабули шаҳрвандон дар бинои собиқи Қасри президент сурат мегирифт. Акнун ҳамаи кормандони он ба бинои собиқи МТС гузаштанд ва шаҳрвандонро ҳам дар онҷо қабул мекунанд.

Дар биное, ки ҳоло шаҳрдорӣ рафт, қаблан кормандони МТС ва АМИТ “Ховар” кор мекарданд. Ҳанӯз ду сол пештар кормандони МТС ба бинои Иттифоқи расомони Тоҷикистон (бинои маъруф ба “Суҳроб арт галерия”) ва АМИТ “Ховар” ба бинои “Шарқи озод” кӯчиданд.

Кӯчидани шаҳрдории Душанбе аз бинои собиқи ҳукумат ва ё Қасри президент дар ҳолест, ки  шаҳрдории Душанбе баъди тахриби бинои аслии хеш, дар яке аз қаннотҳои ин бино фаъолият мекард. Дар қаноти дигари ин бино Кумитаи сайёҳӣ ҷойгир буд. Ахиран, соли 2020 тасмим гирифта шуд, ки Қасри президент низ тахриб карда мешавад ва пеш аз шаҳрдории Душанбе Кумитаи сайёҳӣ ба дигар бино кӯчонида шуд.

То замони ба бинои нав кӯчидан, муддати 25 сол дар ин ҷо дастгоҳи президент ва ҳукумат фаъолият мекарданд. Қаблан ин бино ба Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҷумҳурӣ тааллуқ дошт.

Дар бораи тахриб ва дар ҷойи он сохтани бинои нав зимни нишасти матбуотии шаҳрдории Душанбе аввали моҳи феврали соли 2020 иттилоъ дода шуд. Он замон ин хабар дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёде ба бор овард ва аксари шахсиятҳои маъруф мухолифи он изҳори назар карданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳукумат бо дархости даст кашидан аз кӯчонидани биноҳои таърихӣ дар Душанбе, аз ҷумла, бинои собиқи ҳукумат ва чойхонаи “Роҳат” чандин маротиба муроҷиат карданд.

Тӯли чанд соли охир, дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақаи нав ва мутобиқ ба талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ сохта шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...