Кохи президент дар Душанбе тахриб шуда, ба чойхонаи “Роҳат” алҳол кордор намешаванд

Кохи президенти Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе тахриб шуда, ба ҷойи он бинои нав сохта мешавад. Муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зубайдзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, дар лоиҳаи Нақшаи генералии пойтахт, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, кӯчонидани чойхонаи “Роҳат” пешбинӣ нашудааст: он мисли пешина фаъолият хоҳад кард. […]

Кохи президенти Тоҷикистон дар маркази шаҳри Душанбе тахриб шуда, ба ҷойи он бинои нав сохта мешавад.

Муовини раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зубайдзода зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, дар лоиҳаи Нақшаи генералии пойтахт, ки аз ҷониби Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ шудааст, кӯчонидани чойхонаи “Роҳат” пешбинӣ нашудааст: он мисли пешина фаъолият хоҳад кард.

Ба гуфтаи ӯ, Кохи президент, ки дар паҳлӯи рости он шаҳрдории Душанбе воқеъ аст, шояд вайрон карда шавад. Дар ин ҷо бинои нав бунёд мегардад. Аммо кай ҳукумат ба тахриби бино оғоз мекунад, маълум нест.

“Нақшаи генералии шаҳри Душанбе давра ба давра амалӣ мешавад, лекин вақти дақиқи тахриби ин бино маълум нест”, – хабар дод Маҳмадсаид Зубайдзода.

Дар бораи эҳтимоли кӯчонидани бинои чойхонаи “Роҳат” дар маркази шаҳри Душанбе ВАО ҳанӯз соли 2017 хабар дода буданд. Масъалаи кӯчонидани биноҳои таърихӣ дар хиёбони Рӯдакӣ аз соли 2016 баррасӣ мешавад. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳукумат бо дархости даст кашидан аз кӯчонидани биноҳои таърихӣ дар Душанбе, аз ҷумла, чойхонаи “Роҳат” чандин маротиба муроҷиат карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.