Чанд моҳи наздик чойхонаи «Роҳат» кӯчонида мешавад

Радиои Озодӣ

Бар асоси барномаи навсозии симои Душанбе, қарор аст, чойхонаи “Роҳат”-ро дар чанд моҳи наздик тахриб кунанд. Амале, ки бисёриҳоро дар Тоҷикистон нороҳат кардааст.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, бо вуҷуди онки як соли ахир чойхонаи “Роҳат” зери хатари вайроншавӣ қарор дошта, баҳсҳо дар мавриди тахриби он ҳамчун як бинои қадимӣ зиёд буд, акнун ин тасмим ниҳоӣ шуд ва эҳтимол ин чойхона тайи ду соли оянда тахриб ва аз ҳисоби заминҳои он ҳудуди бинои ҳукумати Душанбе васеъ карда шавад. Қаблан вазири фарҳанги Тоҷикистон гуфта буд, чойхонаи "Роҳат” ба феҳристи ёдгориҳои таърихиву фарҳангии кишвар шомил намешавад.

Деворҳои нақшину кандакоришуда, гулдухтарони атласпӯш, оҳанги наю дутор ва ғизоҳои болаззати миллӣ чойхонаи "Роҳат”-ро давоми даҳсолаҳо ба симои фарҳангии Тоҷикистон табдил додааст. Ҳамарӯза тақрибан 600 нафар, аз ҷумла даҳҳо меҳмони хориҷӣ, ба тарафи чойхонаи “Роҳат” мешитобанд.

Лағмони “Роҳат”, ки боис ба бунёди чойхонаи миллии мунаққаш дар соли 1958 шуд, яке аз ғизоҳои маъруфи ин чойхона аст. Бархе мегӯянд, ба Душанбе омадану як пиёла чою як коса лағмони "Роҳат”-ро начашидан мисли лаби дарё рафтану ташна баргаштан аст.

Саидмурод Мардонов, ҳунарманди тоҷик, яке аз садҳо муштарии ин чойхона аст, ки 55 сол боз дар ҳамин ҷо ғизо мехӯрад. Мардонов ёд дорад, ки пеш аз бунёди чойхонаи мунаққаши “Роҳат” дар ин макон дӯкони кӯчаке буд ва таомҳои чандон зиёде надошт. Ба гуфтаи ӯ, ретсепти лағмони миллии “Роҳат” дар ҳамин ҷо тавлид ва шуҳрати он дар тамоми кишвар паҳн гардид. Саидмурод Мардонов мегӯяд, таърихчаи лағмони “Роҳат” мисли як ривояте дар зеҳнҳо боқӣ мондааст.

“Муаллифи лағмони “Роҳат” Турдиохун Ашӯров, он замон аз Ҷаббор Расулов – раҳбари вақти Тоҷикистони Шӯравӣ илтимос карда буд, ки ҳамин ҷо чойхона созанд. Он кас розӣ шуданд ва чойхона ташкил карданд. Пӯхтани лағмон идеяи худи Ашӯров буд. Бисёр як лағмони болаззат буд. Ҳозир ҳам ҳаст, лекин он маззае, ки он вақт дошт, ҳозир надорад,” – қисса кард Мардонов.

Мисли ин ҳамсуҳбати мо даҳҳо нафари дигар маҳз барои хӯрдани ғизо аз минтақаҳои Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе ба чойхонаи “Роҳат” меоянд. Аз ғизоҳои он лаззат мебаранд ва аз нақшу нигори миллии он роҳат мекунанд.

Усмон Тоҳировро ҳам ҳафтае то се дафъа лаззати ғизоҳои ин чойхона аз шаҳри Ҳисор ба Душанбе меорад. Ӯ мегӯяд, ҳар гоҳе хоҳиши хӯрдани лағмону оши палав пайдо шавад, роҳ ба сӯи чойхонаи “Роҳат” пеш мегирад ва гоҳҳо дӯстонашро барои сӯҳбат ба инҷо даъват мекунад. Тоҳиров чойхонаи “Роҳат”-ро аз солҳои 1970-ум медонад ва ҳатто бори аввал омаданаш ба ин чойхонаро, ки хонандаи мактаб буд, хуб дар ёд дорад.

"Маро тағоям оварда буд. Дар ёдам ҳаст, ки инҷо аввал катҳои хурд дошту одамон рӯйи он нишаста хӯрок мехӯрданд. Ҳамон замон ҳам инҷо серодам буд ва ҳоло ҳам сокинон зиёд меоянд", – гуфт ӯ.

Аксари кулли сайёҳон ва меҳмонони хориҷӣ, ки вориди Душанбе мешаванд, ҳатман аз тамъи ғизоҳои чойхонаи “Роҳат” мечашанд ва аз санъати меъмориву наққошии он лаззат мебаранд. Дар ин чойхона 80 навъи ғизову хӯриш ва 25 навъи ғизои субҳона таҳия мешавад, ки дар рӯз тақрибан 600 нафар аз он истеъмол мекунанд.

Маҳмадкарим Рақибов, наққоши тоҷик, мегӯяд, ҳунари наққошиву кандакорӣ бо намунаҳои миллӣ аввалин бор дар бинои ин чойхона тасвир шудааст ва хуб мешуд, агар он ҳамчун моли таърихӣ ҳифз мешуд. Ҳарчанд, ба гуфтаи ӯ, ҳоло намунаҳои беҳтарини нақшу нигори миллӣ дар бунёди чойхонаи “Хуррамшаҳр”-и Данғара ва Кохи Наврӯз тасвир шудаанд.

Чойхонаи "Роҳат” асри гузашта бар асоси тарҳи меъмори рус Константин Терлетский ва устои тоҷик Мирзораҳмат Олимов, сохта шуд ва соли 1956 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Аввали соли ҷорӣ ҳам шабакаи маъруфи телевизионии CNN дар як раддабандии зеботарин чойхонаҳои ҷаҳон "Роҳат”-и Душанберо дар ҷои аввал қарор дод.

Аммо дар соли 2013 Нақшаи умумии рушди Душанбе тасвиб шуд, ки тахриби даҳҳо бинои сохти замони Шӯравӣ дар маркази шаҳр, аз ҷумла бинои театри Лоҳутиву Маяковский ва чойхонаи “Роҳат” пешбинӣ мекунад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...