Оғози баррасии парвандаи ҷарроҳи гумонбар ба иртибот бо Салафия

Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, ки бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” боздошт шудааст оғоз гашт. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи Саломов ду нафари дигар нишастаанд. Пизишки 41-солаи Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи Абдумалик Саломов, ҷарроҳи ҳирфаии Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд, ки бо гумони иртибот бо пайравони равияи мамнӯи динии “Салафия” боздошт шудааст оғоз гашт.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, дар курсии айбдорӣ ҳамроҳи Саломов ду нафари дигар нишастаанд.

Пизишки 41-солаи Маркази ҷарроҳии дилу шарёни вилояти Суғд аз моҳи сентябри соли равон ба ин тараф дар боздоштгоҳи муваққат ё СИЗО-2-и Хуҷанд қарор дорад.

Ба гуфтаи вакили дифои пизишк Бахтиёр Воҳидов, Саломов бо гумони ҳамнишинӣ бо аъзои гурӯҳҳои ифротӣ ва иштирок дар як "маҳфили палави салафиҳо" боздошт шудааст.

Парвандаи пизишк бар асоси моддаи 307 (иштирок дар фаъолияти равияи мамнӯи Салафия)-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон боз шудааст, ки ин модда аз 3 то 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

"Муфаттишон далелҳои қотеъ надоранд, ки гуноҳи шахси зери ҳимояи моро исбот кунад. Ҳатто барои боздошти ӯ ҳам далели кофӣ мавҷуд набуд", – илова кардааст Воҳидов.

Қаблан худи Саломов гуфта буд, ки ба ягон гурӯҳи ғайриқонунӣ шомил нест ва ба ягон кори ҷиноӣ даст назадааст.

Пайвандони Абдумалик Саломов бо ирсоли номае аз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хостанд, барои таҳқиқи одилонаи қазияи пизишк аз ҷониби мақомоти тафтишотӣ мусоидат кунад.

Онҳо мегӯянд, ахиран ҷавоби ин номаи худро дарёфт карданд, ки дар он аз мақомоти додситонӣ хоста шудааст, дурустии парвандаи Саломовро таҳқиқ кунанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.