Лавров: Имконоти пайвастани Тоҷикистон ба ИИАО баррасӣ мешавад

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст, ки  масоили пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баррасӣ мешавад. Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, ин мансабдорои баландпояи Русия гуфтааст, кишвараш аз пайвастани Озарбойҷон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё истиқбол хоҳад кард. «Ин як иттиҳоди бози интегролӣ аст ва аз пайвастани кишварҳои нав ҳамеша истиқбол […]

Sputnik Тоҷикистон

Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор доштааст, ки  масоили пайвастани Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) баррасӣ мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи хабаргузории Sputnik Тоҷикистон, ин мансабдорои баландпояи Русия гуфтааст, кишвараш аз пайвастани Озарбойҷон ба Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё истиқбол хоҳад кард.

«Ин як иттиҳоди бози интегролӣ аст ва аз пайвастани кишварҳои нав ҳамеша истиқбол хоҳанд кард. Дар ҳоли ҳозир имконоти пайвастани Тоҷикистон ба ин созмон баррасӣ мешавад», — гуфтааст ӯ дар дидор бо донишҷӯёни донишгоҳи дипломатии шаҳри Боку.

Гуфта мешавад, бино ба гузоришҳои расонаҳои хабарии Русия ва Озарбойҷон, Сергей Лавров зикр кардааст, ки "бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хостори роҳандозии равобити ҳамкорӣ бо ин иттиҳод ҳастанд".

Вазири корҳои хориҷии Русия ҳамчунин қайд кардааст, ки, "кишварҳое дар навбат истодаанд, то дар мавриди минтақаи озоди бозаргонӣ тавофуқ кунанд».

«Иттиҳоди Аврупо аз роҳандозии иртибот бо ИИАО худдорӣ мекунад. Онҳо худро муҷозот мекунанд, мо низ аз ин бурд нахоҳем кард. Набояд барои рақобат бо дигарон бошгоҳҳои пӯшида иҷод кард», – иброз доштааст Лавров.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.