Хадамоти гумрук: Коронавирус ба савдо бо Чин халал нарасонд

Хуруҷи коронавирус дар Чин ба муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвар монеа эҷод накард. Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки тӯли ду моҳи аввали ҳар сол дар робита ба ҷашнҳои солинавӣ дар Чин маъмулан қадре коҳиши муомилоти мол байни ду кишвар ба мушоҳида мерасад. “Дар муқоиса […]

Хуруҷи коронавирус дар Чин ба муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвар монеа эҷод накард.

Муовини сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Азим Турсунзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки тӯли ду моҳи аввали ҳар сол дар робита ба ҷашнҳои солинавӣ дар Чин маъмулан қадре коҳиши муомилоти мол байни ду кишвар ба мушоҳида мерасад.

“Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта тағйирот начандон назаррас аст. Танҳо воридоти техникаи нақлиётӣ 51 адад кам шуд”, – қайд кард Турсунзода.

Кумитаи бехатарии озуқавории ҶТ пас аз хуруҷи коронавирус дар Чин воридоти ҳама гуна маҳсулоти ғизоиро аз ин кишвар ба Тоҷикистон манъ кард.

Муовини сардори Хадамот ҳамчунин қайд кард, ки вазифаи онҳо аз пайгирии қочоки молу маҳсулот, иҷрои супориши ҳукумат оид ба назорати воридоти маҳсулоти хӯрокворӣ аз Чин иборат мебошад.

“Бо вуҷуди коронавирус, муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистону Чин дар ҳоли рушд қарор доранд. Соли 2019 содироти маҳсулот аз Тоҷикистон ба Чин – 5% аз ҳаҷми умумӣ ва воридот – 18,2%-ро ташкил дод. Ҳаҷми умумии муомилоти мол дар соли 2019 байни ду кишвар ба зиёда аз 656 млн доллар баробар шуд”, – хабар дод Турсунзода.

Мувофиқи маълумоти Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ, аз Чин ба Тоҷикистон асосан маҳсулоти ғайриозуқа – масолеҳи сохтмон, техникаи гуногун, дастгоҳу таҷҳизот ва ғайра оварда мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.