Низоми энергетикии Тоҷикистон соли равон тақсим мешавад

Ҷамъиятҳои саҳҳомии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” пас аз таъини роҳбарон ва аъзои Шӯрои нозирон дар онҳо давоми соли равон ба фаъолияти мустақилона шурӯъ мекунанд. Сардори Сарраёсати молияи ширкати “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки айни замон гурӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аъзои […]

Ҷамъиятҳои саҳҳомии “Шабакаҳои интиқоли барқ” ва “Шабакаҳои тақсимоти барқ” пас аз таъини роҳбарон ва аъзои Шӯрои нозирон дар онҳо давоми соли равон ба фаъолияти мустақилона шурӯъ мекунанд.

Сардори Сарраёсати молияи ширкати “Барқи тоҷик” Рустам Маҷидзода зимни нишасти матбуотӣ дар ин робита изҳор дошт, ки айни замон гурӯҳи кории иборат аз намояндагони вазорату идораҳои дахлдор аъзои Шӯрои нозирони ин ҷамъиятҳоро муайян мекунад.

“Ояндаи наздик рӯйхатҳо барои маъқул донистан ба ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳод мешаванд”, – гуфт Маҷидзода.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни таҷдиди сохтори ширкати “Барқи тоҷик” ҳанӯз соли 2012 шурӯъ шуд.

Анҷоми пурраи ин ҷараён охири соли 2018 пешбинӣ гардида буд. Дар доираи бозсозии сохтор “Барқи тоҷик” ба се ширкати ҷудогонаи мустақил – Шабакаҳои истеҳсол, интиқол ва тақсимоти барқ тақсим мешавад.

Охири моҳи июни соли гузашта бо қарори ҳукумат 2 ҷамъияти саҳҳомии таъсисёфта дар заминаи “Барқи тоҷик” – Шабакаҳои интиқоли барқ» ва «Шабакаҳои тақсимоти барқ» тасдиқ карда шуданд.

Дар қарори мазкур ба Вазорати энергетика, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ва ширкати “Барқи тоҷик” дастур дода шуд, ки оид ба ҳалли масъалаҳои тадорукотӣ ва ҳуқуқии ин ду ширкати нави таъсисёфта тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.