Тасдиқи созишномаи сохтмони мактабҳои русзабон дар Тоҷикистон дар Думаи давлатӣ

Дар ҷаласаи Думаи давлатии Русия созишномаb байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани 5 муассисаи таълимии русзабон тасдиқ шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Думаи давлатии Русия хабар дода мешавад. Мактабҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд. Созишнома дар бораи сохтмони мактабҳо […]

Дар ҷаласаи Думаи давлатии Русия созишномаb байниҳукуматӣ бо Тоҷикистон дар бораи сохтмон ва муҷаҳҳаз гардонидани 5 муассисаи таълимии русзабон тасдиқ шуд. Дар ин бора дар сомонаи расмии Думаи давлатии Русия хабар дода мешавад.

Мактабҳои таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода сохта мешаванд.

Созишнома дар бораи сохтмони мактабҳо 17 апрели соли 2019 дар Маскав аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушуниди сарони кишварҳои Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расида буд.

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 15 январи соли равон созишномаи мазкурро тасдиқ кард.

Дар ҳар кадоме аз 5 мактаб то 1200 хонанда ба таҳсил фаро гирифта гирифта шуда, nаълим дар онҳо мутобиқи меъёрҳои таҳсилоти Русия ба роҳ монда мешавад.

Солҳои наздик Русия барои сохтмони панҷ мактаби русзабон дар Тоҷикистон 6 миллиард рубл маблағ ҷудо мекунад. Барои бунёди ҳар кадоме аз мактабҳо ҷудо гардидани ҳудуди 1,2 млрд. рубл пешбинӣ шудааст.

Мактабҳо бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ ва технологияҳои муосир таъмин карда мешаванд. Ин муассисаҳои таълимӣ бо ҳадафи пешбурд ва густариши фарҳанги мардуми Русия ва забони русӣ дар Тоҷикистон бунёд мешаванд.

Тибқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 25 мактаби таҳсилоти умумии таълимашон ба забони русӣ амал мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.