Хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон зиёд мешавад

Asia-Plus

Шумори хатсайрҳои ҳавоии мунтазами мусофирбар байни Қазоқистон ва Тоҷикистон зиёд мешавад, хабар медиҳад Kapital.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи гражданӣ.

Ба ин тариқ, аз 25 апрел ширкати ҳавопаймоии “Somon Air”-и Тоҷикистон зиёд кардани шумори хатсайрҳоро аз Душанбе ба Алмато аз 1 то 2 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи Боинг-737 ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, ширкати “Эйр Астана”-и Қазоқистон аз 1 май зиёд кардани хатсайрҳоро байни Душанбе ва Алмато аз 1 то 3 парвоз дар як ҳафта ва аз 1 июн – аз 3 то 4 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи А320 пешбинӣ мекунад.

Ҳамин тариқ, шумори умумии парвозҳо байни кишварҳo ба 6 хатсайр дар як ҳафта мерасад.

Парвозҳо бо риояи қатъии талаботи беҳдоштиву эпидемиологӣ ва мутобиқи ҷадвали хатсайрҳои дар сомонаҳои ширкатҳо нашршуда анҷом дода мешаванд.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз 29 апрели соли 2022 ширкати ҳавопаймоии “Белавиа”-и Беларус ба нақша гирифтааст, ки шумори хатсайрҳои байнулмилалиро аз Минск ба шаҳрҳои Нур-Султон ва Алмато зиёд кунад. Зиёд кардани хатсайрҳо бо масири Минск-Нур-Султон аз 5 то 7 парвоз ва самти Минск-Алмато – аз 3 то 7 парвоз пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...