Хатсайрҳои ҳавоӣ байни Тоҷикистону Қазоқистон зиёд мешавад

Шумори хатсайрҳои ҳавоии мунтазами мусофирбар байни Қазоқистон ва Тоҷикистон зиёд мешавад, хабар медиҳад Kapital.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи гражданӣ. Ба ин тариқ, аз 25 апрел ширкати ҳавопаймоии “Somon Air”-и Тоҷикистон зиёд кардани шумори хатсайрҳоро аз Душанбе ба Алмато аз 1 то 2 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи Боинг-737 ба нақша гирифтааст. Гуфта мешавад, […]

Шумори хатсайрҳои ҳавоии мунтазами мусофирбар байни Қазоқистон ва Тоҷикистон зиёд мешавад, хабар медиҳад Kapital.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти Кумитаи авиатсияи гражданӣ.

Ба ин тариқ, аз 25 апрел ширкати ҳавопаймоии “Somon Air”-и Тоҷикистон зиёд кардани шумори хатсайрҳоро аз Душанбе ба Алмато аз 1 то 2 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи Боинг-737 ба нақша гирифтааст.

Гуфта мешавад, ширкати “Эйр Астана”-и Қазоқистон аз 1 май зиёд кардани хатсайрҳоро байни Душанбе ва Алмато аз 1 то 3 парвоз дар як ҳафта ва аз 1 июн – аз 3 то 4 парвоз бо ҳавопаймоҳои навъи А320 пешбинӣ мекунад.

Ҳамин тариқ, шумори умумии парвозҳо байни кишварҳo ба 6 хатсайр дар як ҳафта мерасад.

Парвозҳо бо риояи қатъии талаботи беҳдоштиву эпидемиологӣ ва мутобиқи ҷадвали хатсайрҳои дар сомонаҳои ширкатҳо нашршуда анҷом дода мешаванд.

Қаблан зикр гардида буд, ки аз 29 апрели соли 2022 ширкати ҳавопаймоии “Белавиа”-и Беларус ба нақша гирифтааст, ки шумори хатсайрҳои байнулмилалиро аз Минск ба шаҳрҳои Нур-Султон ва Алмато зиёд кунад. Зиёд кардани хатсайрҳо бо масири Минск-Нур-Султон аз 5 то 7 парвоз ва самти Минск-Алмато – аз 3 то 7 парвоз пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.