Бар асари садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон 4 кас ҳалок ва 7 нафар бистарӣ шуданд

Нигина Аслонова, Asia-Plus

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёт 4 нафар ҳалок шуда, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти аввал соати 09:20-и дирӯз дар роҳи мошингарди Ваҳдат – Файзобод дар наздикии шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи Hyundai – сокини 30-солаи шаҳри Ваҳдат суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, дар натиҷа идоракунии автомашинаро аз даст медиҳад: воситаи нақлиёт ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ баромада, бо автомашинаи ҳамдиёри 31-солааш Opel-Vektra бармехӯрад.

“Бар асари бархӯрд ронанда ва мусофири автомашинаи Opel дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", – омадааст дар хабари КҲФ.

Боз 7 нафар мусофири дигари ҳар ду автомашина, аз ҷумла ронандаи Hyundai бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.

Садамаи нақлиёти дуюм дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дода, дар километри 22 -юми роҳи Душанбе-Хуҷанд автомашинаи Opel-Astra таҳти идораи сокини 32-солаи пойтахт ҳангоми ҳаракат ба самти Хуҷанд ба автомашинаи боркаши Dulan бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи Opel-Astra ва мусофири он – бародари 34-солааш аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...