Бар асари садамаҳои нақлиёт дар Тоҷикистон 4 кас ҳалок ва 7 нафар бистарӣ шуданд

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёт 4 нафар ҳалок шуда, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ. Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти аввал соати 09:20-и дирӯз дар роҳи мошингарди Ваҳдат – Файзобод дар наздикии шаҳри Ваҳдат рух додааст. Гуфта мешавад, […]

Шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ бар асари ду ҳодисаи садамаи нақлиёт 4 нафар ҳалок шуда, 7 тани дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористон бистарӣ шуданд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Ба иттилои манбаъ, садамаи нақлиёти аввал соати 09:20-и дирӯз дар роҳи мошингарди Ваҳдат – Файзобод дар наздикии шаҳри Ваҳдат рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи Hyundai – сокини 30-солаи шаҳри Ваҳдат суръати ҳаракатро аз меъёр зиёд намуда, дар натиҷа идоракунии автомашинаро аз даст медиҳад: воситаи нақлиёт ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ баромада, бо автомашинаи ҳамдиёри 31-солааш Opel-Vektra бармехӯрад.

“Бар асари бархӯрд ронанда ва мусофири автомашинаи Opel дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд", – омадааст дар хабари КҲФ.

Боз 7 нафар мусофири дигари ҳар ду автомашина, аз ҷумла ронандаи Hyundai бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар бемористони маҳаллӣ бистарӣ шудаанд.

Садамаи нақлиёти дуюм дар қаламрави ноҳияи Варзоб рух дода, дар километри 22 -юми роҳи Душанбе-Хуҷанд автомашинаи Opel-Astra таҳти идораи сокини 32-солаи пойтахт ҳангоми ҳаракат ба самти Хуҷанд ба автомашинаи боркаши Dulan бархӯрдааст.

Дар натиҷаи садама ронандаи автомашинаи Opel-Astra ва мусофири он – бародари 34-солааш аз ҷароҳатҳои бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.