IRS то 31 август дар роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдудият ҷорӣ мекунад

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Шурӯъ аз 1-уми май то 31 августи соли равон аз соати 10-и субҳ то 20-и шом ба ҳаракати нақлиёт дар роҳи Душанбе – Чаноқ маҳдудияти мавсимӣ ҷорӣ мешавад. Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн ва вазнашон аз  6 тонна боло дахл дорад. Дар ин бора ширкати «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» (IRS), ки масъули нигоҳдорӣ ва пулҷамъкунии роҳ аст, хабар додааст.

Манбаъ навиштааст, иқдоми мазкур барои пешгирии вайроншавии бармаҳали роҳи автомобилгарди Душанбе-Чаноқ рӯи даст гирифта шудааст.

– Ин маҳдудият ба воситаҳои нақлиёти гаронвазн дахл дошта, ба ҳар як тири пешбаранда на зиёда аз 6 тонна пешбинӣ шудааст, – навиштаанд намояндагони ширкат.

Намояндагони ширкат гуфтаанд, ки тибқи зарурат бо супориш ва дастури Ҳукумати Тоҷикистон, давомнокии маҳдудияти мавсимӣ тағйир дода мешавад ва тағйир додани реҷа ҳангоми аз 25 дараҷа паст гардидани ҳарорати рӯзонаи ҳаво пешбинӣ шудааст.

Ин ширкат ҳамчунин, афзудааст, ки талаботи зикршуда ба воситаҳои нақлиёте, ки ба интиқоли чорво ва автомобилҳои барои интиқоли борҳои тезвайроншаванда махсусгардонидашуда, ки вазни умумиашон на зиёда аз 10 тонна аст (категорияи 2 бе ядак), татбиқ намешавад.

– Ба ибораи дигар, чунин намуди автомобилҳои боркаш дар мавсими ҷорӣ шудани маҳдудият метавонанд дар вақти дилхоҳ ҳаракат намоянд, – гуфтаанд онҳо.

Ёдовар мешавем, ки ширкати IRS бар асоси як созишномаи ҳамкорӣ бо ҳукумати Тоҷикистон, ки соли 2010 имзо шудааст, масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар роҳи Душанбе-Чаноқро ба ӯҳда дорад. Дар ин роҳ чандин плазаи толлингӣ – марказҳои пулчинӣ – насб шудааст, ки барои истифодаи роҳ аз мошинҳои сабукрав ва боркашон ҳаққи истифодаи роҳ мегирад.

Роҳи Душанбе-Чаноқ бо 281 миллион доллар қарзи Чин ва аз тарафи "Корпоратсияи сохтмони роҳу пулҳои Чин" ва ё "China road" сохта шудааст. Тоҷикистон ин маблағро бо 2 дар сад баҳраи солона барои 20 сол аз Чин қарз гирифта ва дар ин муддат онро бояд пурра баргардонад.

Ширкати IRS соли 2009 дар минтақаи оффшории Вирҷинияи Бритониё сабтином шудааст. Моликони аслии ин ширкат то ба ҳол барои ҷомеаи Тоҷикистон рӯшан нест. Дар Тоҷикистон танҳо намояндагии он амал  ва шароити кори ширкатро созишномаи чанд сол пеш имзошуда танзим мекунад. Ин ширкат ҳамчунин аз пардохти  бархе навъҳои андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...