Тоҷикистон пули барқи “Сангтӯда-1”-ро бо рубл пардохт кардан мехоҳад

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки “дар робита ба хариди барқи НБО “Сангтӯда-1” бо рубли русӣ” созишномаи бо ҳукумати Русия имзокардаашро бозбинӣ кунад. Ин яке аз бандҳои Нақшаи чорабииҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисоди миллӣ мебошад, ки бо қарори ҳукумат аз 18 марти соли равон қабул шуд. Мувофиқи созишномаи соли 2009 имзошуда байни […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки “дар робита ба хариди барқи НБО “Сангтӯда-1” бо рубли русӣ” созишномаи бо ҳукумати Русия имзокардаашро бозбинӣ кунад.

Ин яке аз бандҳои Нақшаи чорабииҳо оид ба пешгирии таъсири хавфҳои имконпазир ба иқтисоди миллӣ мебошад, ки бо қарори ҳукумат аз 18 марти соли равон қабул шуд.

Мувофиқи созишномаи соли 2009 имзошуда байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия дар бораи ҳамкорӣ дар истифодаи неругоҳи “Сангтӯда-1”, маблағи барқи дар ин неругоҳ истеҳсолшуда бо доллари амрикоӣ пардохт мешавад.

Нахуст таърифа 0,0169 сент барои 1 киловатт-соат бидуни назардошти ААИ муқаррар шуда буд. Аз оғози соли 2010 дар созишнома ҳамасола болоравии таърифа барои бозори дохилии Тоҷикистон дар ҳадди на камтар аз 4% аз сатҳи таърифаи соли гузашта пешбинӣ шуда буд.

Харидори ягонаи барқи дар ин неругоҳ истеҳсолшуда ШСХК “Барқи тоҷик” мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши онро ба истеъмолгарони Тоҷикистон таъмин мекунад.

Раҳбарияти “НБО Сангтӯда-1” чандин маротиба дар сатҳҳои гуногун масъалаи мустақилона фурӯхтани барқи худро ба миён гузошта буд.

Дар ҶСК “НБО Сангтӯда-1” қаблан ба “Азия-Плюс” хабар дода буданд, ки ин ҳуқуқҳо дар қарордодҳои имзошуда байни ҳукуматҳои Тоҷикистон ва Русия  дарҷ ёфтаанд, лекин то ҳол онҳоро амалӣ карда наметавонанд.

Тибқи шартномаи имзошудаи хариду фурӯш, ҳаҷми солонаи интиқоли барқ бояд 2,7 млрд киловатт-соатро ташкил диҳад.

Дар амал ширкати “Барқи тоҷик” 1,6 млрд-2,3 млрд кВт/соат барқ мегирад. Сарбории неругоҳро ҳам дар мавсими тобистон ва ҳам дар мавсими зимистон “Барқи тоҷик” муайян мекунад.

То аввали моҳи апрели соли равон ширкати “Барқи тоҷик” ба неругоҳи “Сангтӯда-1” ҳудуди 2 млд 262 млн сомонӣ (зиёда аз 180 млн доллар) қарздор шудааст.

Сатҳи пардохт аз рӯи натиҷаҳои соли 2021 ба ҳисоби миёна на зиёдтар аз 38% аз арзиши барқи интиқолёфтаро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин дар тӯли тамоми таърихи кори неругоҳ аст.

ҶСК «Нерӯгоҳи барқи обии Сангтӯда-1» корхонаи муштараки Тоҷикистону Русия аст. Ҳиссаи ширкатҳои русиягӣ дар сармояи оинномавии неругоҳ – 75% тарҳи 1 саҳмия ва ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон – 25% ҷамъи 1 саҳмия аст.

Иқтидори насбшудаи неругоҳи “Сангтӯда-1” 670 МВт-ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли барқ дар як шабонарӯз ба ҳисоби миёна ҳудуди 8,4 млн киловатт-соатро ташкил медиҳад.

Қобили зикр аст, ки ҳиссаи неругоҳи “Сангтӯда-1” дар ҳаҷми умумии истеҳсоли барқ дар Тоҷикистон ба 11,2% баробар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.