Дар Душанбе KITE FEST «OSMONI DUSHANBE – 2022» баргузор мешавад

Asia-Plus

Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе Фестивали дуюми бодбаракҳоро таҳти унвони «OSMONI DUSHANBE – 2022» баргузор мекунад.

Фестивали якуми мо дар соли 2018 ба иди ҳақиқии оилавӣ табдил ёфта, давоми панҷ соат дар он ҳудуди 20 000 сокинону меҳмонони пойтахт иштирок карданд.

Як сайругашти бошукуҳи оилавӣ сурат гирифт: бачаҳо бодбаракҳоро ба ҳаво сар додаву рақсу бозӣ карданду  яхмос хӯрданд, волидон бошанд, рӯйи алаф истироҳат карда, фарзандони шоду хурсанди худро тамошо мекарданд.

Он ҷашнро ба душанбегиҳо дар ҳамдастӣ бо “Азия-Плюс” ширкатҳои бузургтарини ватании “Оби зулол” ва RC-Сola, оператори мобилии Tcell, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва ширкати дорусозии “Гедеон Рихтер” тақдим намуданд. Бори дигар ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ мекунем.

“Мутаассифона, пандемия муддати тӯлонӣ ба мо имкон надод, ки ин идро баргузор кунем лекин имсол тасмим гирифтем, анъанаи қадимаи тоҷикии “бодбарак”-ро дубора эҳё намуда, бори дигар табъи сокинону меҳмонони пойтахтро болида гардонем”, – мегӯяд директори радиои “Азия-Плюс” Манижа Аҳмедова.

Меҳмонони фестивалро ид барои аҳли оила интизор аст: машғулиятҳо оид ба сохтан ва ба фазо сар додани бодбаракҳо, шоу-барнома аз Радиои “Азия-Плюс”, озмунҳои шавқовару ҷоизаҳо, мусиқии идона, хӯрокҳои болаззату нӯшокиҳо, хаймаҳо бо туҳфаҳо ва маснуоти ҳунармандону косибони миллӣ.

Даромадан ба ҷашн – БЕПУЛ АСТ. Бодбаракҳоро бо нархи рамзӣ мустақиман дар чорабинӣ дастрас кардан мумкин аст.

Ҷойи баргузорӣ: боғи Наврӯзгоҳ”-и Душанбе, назди шаршара.

Рӯз ва вақти баргузорӣ: 21 май, аз соати 10:00 то 16:00.

Маълумот барои шарикони тиҷоратӣ:

Агар шумо шарики Фестивали Kite Fest «OSMONI DUSHANBE 2022» шуданӣ бошед, бо рақами +992 93 977 77 78 ба мо занг занед.

Навори мухтасари видеоӣ дар бораи чӣ гуна баргузор шудани Фестивали якуми мо:

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...