Дар Душанбе KITE FEST «OSMONI DUSHANBE – 2022» баргузор мешавад

Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе Фестивали дуюми бодбаракҳоро таҳти унвони «OSMONI DUSHANBE – 2022» баргузор мекунад. Фестивали якуми мо дар соли 2018 ба иди ҳақиқии оилавӣ табдил ёфта, давоми панҷ соат дар он ҳудуди 20 000 сокинону меҳмонони пойтахт иштирок карданд. Як сайругашти бошукуҳи оилавӣ сурат гирифт: бачаҳо бодбаракҳоро ба ҳаво сар додаву рақсу бозӣ […]

Гуруҳи расонаҳои “Азия-Плюс” бо дастгирии ҳукумати шаҳри Душанбе Фестивали дуюми бодбаракҳоро таҳти унвони «OSMONI DUSHANBE – 2022» баргузор мекунад.

Фестивали якуми мо дар соли 2018 ба иди ҳақиқии оилавӣ табдил ёфта, давоми панҷ соат дар он ҳудуди 20 000 сокинону меҳмонони пойтахт иштирок карданд.

Як сайругашти бошукуҳи оилавӣ сурат гирифт: бачаҳо бодбаракҳоро ба ҳаво сар додаву рақсу бозӣ карданду  яхмос хӯрданд, волидон бошанд, рӯйи алаф истироҳат карда, фарзандони шоду хурсанди худро тамошо мекарданд.

Он ҷашнро ба душанбегиҳо дар ҳамдастӣ бо “Азия-Плюс” ширкатҳои бузургтарини ватании “Оби зулол” ва RC-Сola, оператори мобилии Tcell, ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ва ширкати дорусозии “Гедеон Рихтер” тақдим намуданд. Бори дигар ба ҳамаи онҳо изҳори миннатдорӣ мекунем.

“Мутаассифона, пандемия муддати тӯлонӣ ба мо имкон надод, ки ин идро баргузор кунем лекин имсол тасмим гирифтем, анъанаи қадимаи тоҷикии “бодбарак”-ро дубора эҳё намуда, бори дигар табъи сокинону меҳмонони пойтахтро болида гардонем”, – мегӯяд директори радиои “Азия-Плюс” Манижа Аҳмедова.

Меҳмонони фестивалро ид барои аҳли оила интизор аст: машғулиятҳо оид ба сохтан ва ба фазо сар додани бодбаракҳо, шоу-барнома аз Радиои “Азия-Плюс”, озмунҳои шавқовару ҷоизаҳо, мусиқии идона, хӯрокҳои болаззату нӯшокиҳо, хаймаҳо бо туҳфаҳо ва маснуоти ҳунармандону косибони миллӣ.

Даромадан ба ҷашн – БЕПУЛ АСТ. Бодбаракҳоро бо нархи рамзӣ мустақиман дар чорабинӣ дастрас кардан мумкин аст.

Ҷойи баргузорӣ: боғи Наврӯзгоҳ”-и Душанбе, назди шаршара.

Рӯз ва вақти баргузорӣ: 21 май, аз соати 10:00 то 16:00.

Маълумот барои шарикони тиҷоратӣ:

Агар шумо шарики Фестивали Kite Fest «OSMONI DUSHANBE 2022» шуданӣ бошед, бо рақами +992 93 977 77 78 ба мо занг занед.

Навори мухтасари видеоӣ дар бораи чӣ гуна баргузор шудани Фестивали якуми мо:

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.