Квота каму хоҳишмандон зиёд. Арабистони Саудӣ теъдоди квотаҳо барои зойирини тоҷикро муайян кард

Мусои Бобоҳоҷӣ, Asia-Plus

Арабистони Саудӣ имсол барои шаҳрвандони Тоҷикистон зиёда аз 3,5 ҳазор квота барои адои маросими ҳаҷ дар соли 2022 ҷудо кард, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои назди ҳукумати Тоҷикистон.

Шумори квотаҳои ба кишварҳо ҷудошуда дар саҳифаи расмии масҷиди Ҳарамайн Шарифайн дар Facebook бо истинод ба Вазорати ҳаҷи Арабистони Саудӣ нашр шудааст.

“Мо дар Интернет шумори ковтаҳои барои Тоҷикистон ҷудошударо дидем, лекин то ҳол аз Арабистони Саудӣ мактуби расмӣ нагирифтаем. Теъдоди квотаҳо барои Тоҷикистон 3 ҳазору 562 нафар муқаррар шудааст”, – гуфт сухангӯи Кумита Афшин Муқим.

Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз то ҳол нарасидани даъвати расмӣ, Кумита ба корҳои омодагӣ ва ба ҳаҷ сафарбар намудани зийирин оғоз мекунад.

Киҳо имсол ба ҳаҷ рафта метавонанд?

“Тавре ки қаблан гуфта будем, имсол рӯйхати нав тартиб дода нашуда, нахуст шаҳрвандоне фиристода мешаванд, ки соли 2019 бар асари маҳдудиятҳои коронавирус ба ҳаҷ рафта натавонистанд. Лекин ин ҷо як мушкил ҳаст: шумори квотаҳои барои имсол ҷудошуда зиёда аз 3,5 ҳазор ададро ташкил медиҳад, лекин теъдоди нафарони интизор дар рӯйхати аз соли 2019 ба зиёда аз 5 ҳазор нафар баробар аст”, – гуфт сухангӯи Кумита.

Зимнан зикр шуд, ки дар он сол ба Тоҷикистон 6 ҳазор квота ҷудо шуда буд.

“Умедворем, ки ин масъала ҳал мешавад, чунки яке аз шартҳои имсола барои зойирин синни на болотар аз 65-сола муқаррар шудааст, яъне аз рӯйхати соли 2019 онҳо хориҷ карда мешаванд”, – иброз дошт вай.

Дар ҳамин ҳол, маълумот дода намешавад, ки дар рӯйхати соли 2019 чанд нафар зойирини ин синнусол ҳастанд.

Инчунин ба зойирини хориҷӣ лозим аст, ки натиҷаи манфии тест ба COVID-19-ро, ки на пештар аз 72 соат то сафар ба шоҳигарӣ гирифта шудааст, пешниҳод намоянд.

Дар Кумита таъкид доштанд, ки арзиши адои маросими ҳаҷ низ ҳол маълум набуда, ба наздикӣ муайян карда мешавад.

Қаблан зикр гардида буд, ки тайи 10 соли ахир арзиши адои маросими ҳаҷ бо доллар тағйир наёфта, аз 3 ҳазору 700 то 3 ҳазору 720 долларро ташкил дода буд. Мувофиқи қурби мубодила бо сомонӣ ин маблағ ҳамасола боло мерафт. Соли 2019 адои маросими ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 35 ҳазору 128 сомонӣ нарх дошт.

Соли 2020 дар робита ба пандемияи коронавирус Арабистони Саудӣ ҳаҷ барои зойирини берун аз қаламрави шоҳигариро бекор карда, инчунин шумори онҳоро то 1 ҳазор нафар кам кард. Соли гузашта ин шумор то 60 ҳазор афзуда, лекин барои зойирини кишварҳои хориҷӣ боз адои маросими ҳаҷ манъ шуд.

Қобили зикр аст, ки  соли 2016 дар Тоҷикистон бобати ба квотаи сафари ҳаҷ дохил накардани шахсони синнашон поинтар аз 40-сола қарор қабул шуд. Кумитаи дин ба ин васила масъалаи навбатпойии хеле зиёд барои адои маросими ҳаҷро ҳал карданӣ буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...