Харобкории сел дар Панҷакент: талаф шудани 40 га замин ва чорвои мардум

Бар пайи боронбориҳои бегоҳии рӯзи 23-юми апрел дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шудааст. Сел ҳамчунин чанд муддат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакентро мутаваққиф сохтааст. Дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 23-юми апрел, тахминан соати 18:10 […]

Хуршед Фозил, барои "Asia-Plus"

Бар пайи боронбориҳои бегоҳии рӯзи 23-юми апрел дар ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент сел омада, чанд манзили сокинон тахриб шуда, беш аз 40 га замин ва теъдоде аз чорвои мардум талаф шудааст.

Сел ҳамчунин чанд муддат ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Айнӣ – Панҷакентро мутаваққиф сохтааст.

Дафтари матбуоти раиси шаҳри Панҷакент мегӯяд, рӯзи 23-юми апрел, тахминан соати 18:10 дақиқа бар асари боришоти борон дар деҳаҳои Заврон ва Навободи ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ сел омад, ки барои муайян ва бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ комиссия оид ба ҳолатҳои фавқулодда таъсис дода шудааст. 

Мутриб Шоҳназаров, масъули кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи шаҳрвандии Панҷакент ба Азия + гуфт, хисорот то ҳол пурра муайян нашудааст, аммо аз рӯи ҳисоботи пешакӣ, ду сар чорвои сокинон, 6 км роҳҳои байни деҳаҳо, беш аз 40 га заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои кишоварзӣ талаф дида, ба 22 хона обу лойобаи сел даромадааст.

Шаҳри Панҷакент яке аз шаҳру ноҳияҳои осебпазир дар Тоҷикистон аз ҷиҳати рух додани офатҳои табиӣ буда, ҳамасола дар ин минтақа омадани чандин ҳодисаҳои селу ярч ё ба назар мерасад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Бо маблағгузории 95 млн доллар

Дар ин марҳила мақомот ба зерсохтори таъминот бо нерӯ, хадамот барои мошинҳои барқӣ ва афзоиши парки электробусҳо такя мекунанд.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.