Раиси ҲДТ ба Рустами Эмомалӣ: Театри опера балетро наканеду Кохи “Борбад”- ро аз шакли муғулӣ наҷот диҳед

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Саидҷаъфар Усмонзода, раиси Ҳизби демократ ва вакили парлумони Тоҷикистон аз шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ хостааст, ки биноҳои таърихии Душанбе, аз қабили театрҳои опера ва балет, “Лоҳутӣ”, чойхонаи “Роҳат” ва бинои кунунии Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро тахриб накунанд ва симои берунии бинои Кохи “Борбад” – ро ба меъмории форсӣ-тоҷикӣ мутобиқ кунад.

Дархости ӯ, аз номи Шӯрои сиёсии ҲДТ дар саҳифаи шахсиаш дар “Фейсбук” нашр шудааст.

Усмонзода тахриб накарданни биноҳоро ба хотири эҳтироми таърихи як давраи зиндагии мардуми Тоҷикистон дар ҳайати ҳукумати Шӯравӣ маънидод кардааст.

– Нигоҳ доштани биноҳои Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ , театри академӣ-драммавии ба номи Абдулқосим Лоҳутӣ, бинои Маҷлиси Олии ҶТ , Чойхонаи “Роҳат”, меҳмонхонаи “Душанбе” , меҳмонхонаи “Вахш” ва бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мақсад мувофиқ аст . Ин биноҳо бо меъмории нисбатан беҳтари худ ва хидмати дурударозашон дар хотираи чанд насли мардуми кишвар чун нишони даврони пешин боқӣ мондаанд,- мегӯяд раиси ҲДТ.

Дар ҳамин ҳол, номбурда пешниҳод кардааст, ки бархе биноҳо, ки дар замони Шӯравӣ бо шиори «интернационазм» ё мазмунан таҳқир ба миллати тоҷик сохта шудааст, ислоҳ карда шавад.

Ӯ аз ҷумла, бинои Кохи “Борбад” – ро мисол оварда таъкид намудааст, ки он бо шакли “юрти муғулӣ” сохта шудааст.

– Дар ин бино маъракҳои муҳими давлатӣ мегузарад ки боиси таассуф аст. Сохти дохили бино ба талаботи истифодабари пурра ҷавобгӯ мебошад, вале шакли берунаи бино ба ислоҳи ҷиддӣ ниёз дорад . Пешниҳод мекунем, ки дар ислоҳи шакли берунаи он мутобиқ ба меъмории форсӣ-тоҷикӣ мусоидат кунед,- пешниҳод кардааст Саидҷаъфар Усмонзода.

Номбурда ҳамчунин аз шаҳрдори Душанбе даъват кардааст, ки роҳҳои пиёдагард ва хиёбону кӯчаҳои пойтахт васеъ карда шавад.

Ба гуфи ӯ, имрӯз баъзе роҳравҳои кӯчаҳо ба ҳадде тангбару борик ҳастанд, ки барои роҳгузарон мушкил эҷод кардаанд.

Ин вакили парлумон пешниҳод кардааст, ки аз ҷониби аҳолӣ худсарона ғасб кардани роҳҳои пиёдагард ҳангоми сохтмони биноҳои баландошёна пешгирӣ карда шавад.

Пешниҳоди тахриб накрадани биноҳои таърихӣ аз ҷониби раиси як ҳизби сиёсӣ дар ҳолест, ки тӯли чанд соли охир, дар шаҳри Душанбе тахриби биноҳое, ки дар солҳои бистум ва сиюми асри гузашта сохта шудаанд, идома дорад. Баъзе аз сокинону муаррихон ба зидди вайрон кардани биноҳои қадимӣ ҳастанд. Мақомот ба ин назаранд, ки зарфияти биноҳои куҳна кайҳо ба поён расидааст ва бояд дар ҷойи онҳо биноҳои бисёртабақаи нав ва мутобиқ ба талаботи муосири меъморию шаҳрсозӣ сохта шавад.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...