Бе имтиёзу имкон. Дастаҳои Осиёи Марказӣ аз плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои КФО маҳрум шуданд

Қаҳрамонҳои футболи кишварҳои худ – “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Аҳал” (Туркманистон) ва “Пахтакор” (Ӯзбекистон) имкони идомаи мусобиқаро дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 аз даст доданд. Тавре ки хабаргузории “Фергана” менависад, даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 ба таври мутамарказ дар Арабистони Саудӣ ва Таиланд ҷараён дорад. Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Истиқлол”-и бозии […]

Қаҳрамонҳои футболи кишварҳои худ – “Истиқлол” (Тоҷикистон), “Аҳал” (Туркманистон) ва “Пахтакор” (Ӯзбекистон) имкони идомаи мусобиқаро дар даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2022 аз даст доданд.

Тавре ки хабаргузории “Фергана” менависад, даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 ба таври мутамарказ дар Арабистони Саудӣ ва Таиланд ҷараён дорад.

Бино ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, “Истиқлол”-и бозии даври панҷумро ҳам дар гуруҳи “А” ба дастаи “Ал-Райян”-и Қатар бо ҳисоби 0:1 бохт. Футболбозони тоҷик ҳанӯз баъди даври чорум имкони идомаи мусобиқаро аз даст дода буданд.

“Пахтакор”-и Ӯзбекистон низ дар бозии даври панҷум аз “Сипоҳон”-и Эрон бо ҳисоби 1:2 мағлуб шуда, ҳамагӣ 3 имтиёз дорад. Дастаҳои дуюму сеюми ин гуруҳ аллакай 7-имтиёзӣ доранд ва дар сурати ғалаба низ дар даври охир ин даста дигар ба идомаи мусобиқа имкон надорад.

Тими “Аҳал”-и Туркманистон низ бо касби 1 имтиёз дар гуруҳи “С” аз идомаи минбаъдаи мусобиқа дар Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 маҳрум шуда, дастаи пеш аз он, ки дар синаи сеюм ҷойгир шудааст, аллакай 5 имтиёз дорад.

Ягона даста аз минтақаи Осиёи Марказӣ, ки метавонад рақобатро барои роҳ ёфтан ба даври плей-оффи Лигаи қаҳрамонҳои КФО-2022 идома диҳад, тими “Насаф”-и Қаршии Ӯзбекистон мебошад, ки пас аз панҷ давр дар гуруҳи “Е” соҳиби 8 имтиёз шудааст. Дар даври шашуми охирини даври гуруҳӣ “Насаф” рӯзи 27 апрел бо дастаи “Ал-Ваҳдат”-и Урдун бозӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.