Ҳайат аз Тоҷикистон занҳоро номнавис кард. Занони тоҷикро аз паноҳгоҳҳои Сурия бармегардонанд

Asia-Plus

Ҳафтае пеш намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва дипломатҳои тоҷик ба паноҳгоҳе дар Сурия рафта, занҳоро барои бозгардонидан ба Тоҷикистон номнавис карданд. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст.

Ҳадаф аз сафари намояндагони тоҷик ба Сурия, фароҳам овардани шароити бозгашти занони тоҷик ба ватан гуфта мешавад.

Намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва дипломатҳо бо занони тоҷик дар паноҳгоҳҳо вохӯрданд.

Ду зани тоҷик дар паноҳгоҳи “Роҷ” ба Радиои “Озодӣ” тасдиқ карданд, ки намояндагони мақомот ба назди онҳо омада, номи онҳоро навиштаанд ва ваъда додаанд, ки ба Тоҷикистон бармегардонанд.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт низ ба “Озодӣ” хабари сафари намояндагони тоҷик ба Сурияро тасдиқ кардааст.

– Тибқи супориши роҳбари давлат мо пурра муайян карда истодаем, ки вазъият чӣ хел аст, кӣ рафтан мехоҳад, кӣ рафтан намехоҳад. Мо онҳоро муайян карда истодаем ва барои бурданашон саъю кӯшиш карда истодаем. Ин кор зери назорати роҳбарияти давлат ва вазорати корҳои хориҷӣ аст,” – афзудааст Зубайдзода.

Дар паноҳгоҳи Роҷ ва Ал-Ҳавли Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.

Ин занон аз соли 2018 ба ин тараф аз мақомот мехоҳанд, то онҳоро ба ватан баргардонанд. Бештари онҳо дар Сурия худро фиребхӯрда медонанд ва мегӯянд, шавҳаронашон онҳоро ба инҷо овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...