Ҳайат аз Тоҷикистон занҳоро номнавис кард. Занони тоҷикро аз паноҳгоҳҳои Сурия бармегардонанд

Ҳафтае пеш намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва дипломатҳои тоҷик ба паноҳгоҳе дар Сурия рафта, занҳоро барои бозгардонидан ба Тоҷикистон номнавис карданд. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст. Ҳадаф аз сафари намояндагони тоҷик ба Сурия, фароҳам овардани шароити бозгашти занони тоҷик ба ватан гуфта мешавад. Намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва дипломатҳо бо […]

Ҳафтае пеш намояндагони ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон ва дипломатҳои тоҷик ба паноҳгоҳе дар Сурия рафта, занҳоро барои бозгардонидан ба Тоҷикистон номнавис карданд. Дар ин бора Радиои “Озодӣ” бо такя ба манбаъҳояш хабар додааст.

Ҳадаф аз сафари намояндагони тоҷик ба Сурия, фароҳам овардани шароити бозгашти занони тоҷик ба ватан гуфта мешавад.

Намояндагони ниҳодҳои қудратӣ ва дипломатҳо бо занони тоҷик дар паноҳгоҳҳо вохӯрданд.

Ду зани тоҷик дар паноҳгоҳи “Роҷ” ба Радиои “Озодӣ” тасдиқ карданд, ки намояндагони мақомот ба назди онҳо омада, номи онҳоро навиштаанд ва ваъда додаанд, ки ба Тоҷикистон бармегардонанд.

Зубайдулло Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва Кувайт низ ба “Озодӣ” хабари сафари намояндагони тоҷик ба Сурияро тасдиқ кардааст.

– Тибқи супориши роҳбари давлат мо пурра муайян карда истодаем, ки вазъият чӣ хел аст, кӣ рафтан мехоҳад, кӣ рафтан намехоҳад. Мо онҳоро муайян карда истодаем ва барои бурданашон саъю кӯшиш карда истодаем. Ин кор зери назорати роҳбарияти давлат ва вазорати корҳои хориҷӣ аст,” – афзудааст Зубайдзода.

Дар паноҳгоҳи Роҷ ва Ал-Ҳавли Сурия беш аз 500 зану кӯдаки тоҷик нигаҳдорӣ мешаванд. Онҳо ҳамсару кӯдакони ҷангҷӯёни созмони тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳастанд, ки пас аз шикасти ин созмон ба дасти нерӯҳои курд асир афтодаанд.

Ин занон аз соли 2018 ба ин тараф аз мақомот мехоҳанд, то онҳоро ба ватан баргардонанд. Бештари онҳо дар Сурия худро фиребхӯрда медонанд ва мегӯянд, шавҳаронашон онҳоро ба инҷо овардаанд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 Тоҷикистон 89 кӯдакро аз Ироқ бозгардонда буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...