Эмомалӣ Раҳмон Ардуғонро ба Тоҷикистон даъват кард

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

Имрӯз, 3 май зимни суҳбати телефонӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар менависад, ки дар оғози суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар якдигарро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфта, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия сулҳу некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуда, ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва бахшҳои дигар иброз доштаанд.

– Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд, – менависад Хадамоти матбуот, вале ишора накардааст, ки кадом мавзуъҳои байналмилаливу мантақаӣ баррасӣ шудааст

Дар фарҷоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Ардуғон хостааст  барои "идомаи муколамаи доимии сатҳи олӣ ва баланд барои бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба" аз Тоҷикистон боздиди расмӣ кунад

Мувофиқа ҳосил шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркия 29 январи 1992 барқарор шуда, моҳи марти соли 1992 сафорати Туркия дар Душанбе ва моҳи декабри соли 1995 сафорати Тоҷикистон дар Анкара боз шудаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...