Эмомалӣ Раҳмон Ардуғонро ба Тоҷикистон даъват кард

Имрӯз, 3 май зимни суҳбати телефонӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст. Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар менависад, ки дар оғози суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар якдигарро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфта, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия сулҳу некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу […]

Имрӯз, 3 май зимни суҳбати телефонӣ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон президенти Туркия Раҷаб Тайиб Ардуғонро барои анҷом додани сафари расмӣ ба Тоҷикистон даъват кардааст.

Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар менависад, ки дар оғози суҳбати телефонӣ сарони ду кишвар якдигарро ба муносибати Иди саиди Фитр табрик гуфта, Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия сулҳу некӯаҳволӣ, файзу баракот ва шукуфоии рӯзафзун орзу кардааст.

Ҳамчунин, дар ҷараёни суҳбат ҳамкориҳои гуногуни Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуда, ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу муҳтавои ҳамкориҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву гуманитарӣ, арсаи амниятӣ ва бахшҳои дигар иброз доштаанд.

– Президентҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои мубрами рӯзномаи байналмилаливу минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд, – менависад Хадамоти матбуот, вале ишора накардааст, ки кадом мавзуъҳои байналмилаливу мантақаӣ баррасӣ шудааст

Дар фарҷоми суҳбат Эмомалӣ Раҳмон аз Ардуғон хостааст  барои "идомаи муколамаи доимии сатҳи олӣ ва баланд барои бо муҳтавои нави амалӣ ғанӣ гардонидани тамоми маҷмӯи муносибатҳои дуҷониба" аз Тоҷикистон боздиди расмӣ кунад

Мувофиқа ҳосил шудааст, ки муҳлатҳои мушаххаси ин сафар бо роҳҳои дипломатӣ ҳамоҳанг хоҳанд шуд.

Равобити дипломатӣ миёни Тоҷикистону Туркия 29 январи 1992 барқарор шуда, моҳи марти соли 1992 сафорати Туркия дар Душанбе ва моҳи декабри соли 1995 сафорати Тоҷикистон дар Анкара боз шудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.