Миёни иттифоқҳои рӯзноманигории Тоҷикистону Ӯзбекистон Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид

Asia-Plus

Миёни Иттифоқҳои журналистони Тоҷикистону Ӯзбекистон Меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид. Маросими ба имзо расидани ин Меморандуми ҳамкорӣ дирӯз, 5-уми май дар шаҳри Тошканд сурат гирифт.

Ин санад аз суйи Зинатулло Исмоилзода  раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Олимҷон Усаров, раиси  Иттифоқи эҷодии журналистони Ӯзбекистон ба имзо расид.

Дар маросими имзои Меморандум сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода низ иштирок кард.

Зинатулло Исмоилзода дар як тамоси интернетӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, Меморандума мазкур  имкон медиҳад то ҳар сол ҳайатҳои журналистони ду кишвар сафарҳои эҷодӣ дошта бошад.

"Яъне ҳар сол ҳайати 10-нафараи журналистони Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва журналистони Ӯзбекистон ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Инчунин меморандум барои табодули таҷриба, баргузории давраҳои омӯзишӣ ва доир кардани чорабиниҳои муштарак замина фароҳам меорад",-гуфт Исмоилзода.

Дар маросими имзои ин Меморандум ба 6 рӯзноманигорои Ӯзбекистон, ки дар нашрияҳои чопиву элекронии тоҷикии ин кишвар фаъолият мекунанд, шаҳодатномаи узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон  супурда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...