Аз 400 то 700 ҳазор евро. Гаронтарин футболбозони тоҷик киҳоянд?

Коршиносон аз рӯи натиҷаҳои миёндаврии мавсими имсолаи футбол гаронтарин футболбозони Тоҷикистонро муайян карданд. Арзиши умумии 225 бозингар аз 10 дастаро мутахассисони Олмон 4,5 млн евро арзёбӣ кардаанд. Тибқи ҳисоби онҳо, бозигари Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 20 ҳазор евро нарх дошта, синнаш ба ҳисоби миёна – 24-сола аст. 1-2.  Алишер Ҷалилов. Нимҳимоятгари ҳуҷумкунанда. […]

Коршиносон аз рӯи натиҷаҳои миёндаврии мавсими имсолаи футбол гаронтарин футболбозони Тоҷикистонро муайян карданд.

Арзиши умумии 225 бозингар аз 10 дастаро мутахассисони Олмон 4,5 млн евро арзёбӣ кардаанд. Тибқи ҳисоби онҳо, бозигари Лигаи олии футболи Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 20 ҳазор евро нарх дошта, синнаш ба ҳисоби миёна – 24-сола аст.

1-2.  Алишер Ҷалилов. Нимҳимоятгари ҳуҷумкунанда. Даста – АГМК (Алмалиқ, Ӯзбекистон).  Нарх – 700 ҳазор € (евро).

Алишер Ҷалилов дар давоми ҳунарнамоиаш дар дастаҳои Русия бозӣ кардааст, аз ҷумла дар тимҳои “Рубин”, Нефтехимик” ва”Балтика”. Соли 2019 ба ватан баргашта, ба бошгоҳи “Истиқлол” ҳамроҳ шуд. Имсол дар дастаи “АГМК”-и Ӯзбекистон бозӣ мекунад.

1-2. Парвизҷон Умарбоев. Нимҳимоятгари марказӣ. Даста – «Локомотив» (Пловдив, Булғористон). Нарх – 700 ҳазор €.  

Дастпарвари “Рубин”-и Қазон (Тотористон, Русия). Моҳи марти соли 2015 бо қаҳрамони футболи Тоҷикистон – “Истиқлол” қарордод ба имзо расонид. Дар ин ҷо як солу ду моҳ бозӣ кард. Ҳозир узви дастаи “Пловдив”-и Булғористон мебошад.

3. Эҳсони Панҷшанбе. Нимҳимоятгари марказӣ. Даста – «Навбаҳор» (Намангон, Ӯзбекистон). Нарх – 600 ҳазор €.

Аз 17-солагиаш ба дастаи “Истиқлол” пайваста, дар ҳамин бошгоҳ истеъдод ва маҳорату малакааш равнақ ёфт. Дар ноҳияи Рӯшони ВМКБ таваллуд шудааст.  Ӯ зикр кардааст, ки тими “Истиқлол”-ро ҳеҷ гоҳ тарк карданӣ набуд, лекин орзу дошт, ки дар хориҷа бозӣ карда, маҳорати худро озмояд.

4-5. Манучеҳр Ҷалилов. Ҳамлагари марказӣ. Даста – «Истиқлол» (Душанбе, Тоҷикистон). Нарх – 400 ҳазор €.

Дар тими ҷавонони бошгоҳи “Локомотив”-и Маскав ба бозӣ оғоз намуда, сипас муддати ду сол дар бошгоҳи тобеъи ҳамин даста (фарм-клуб) ҳунарнамоӣ кардааст. Соли 2011 ба бошгоҳи “Нефтехимик”-и Нижнекамски Русия гузашт.

Соли 2015 ба ватан баргашта, бо дастаи “Истиқлол”-и Душанбе қарордод ба имзо расонид.

4-5. Зоир Ҷӯрабоев. Ҳимоятгари марказӣ. Даста – «Сурхон» (Тирмиз, Ӯзбекистон). Нарх – 400 ҳазор €.

Моҳи июли соли 2018 Ҷӯрабоев аз КМВА (ЦСКА)-и Душанбе ба тими Суперлигаи Ӯзбекистон – “Металлург”-и Бекобод гузашт. Дар ин ҷо як мавсим бозӣ карда, ба Душанбе – ба ҳайати “Истиқлол” баргашт. Моҳи феврали соли 2022 бо тими Суперлигаи Ӯзбекистон – “Сурхон” қарордод имзо кард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.